14:38 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Лигаи КВН-и Помир. Акс аз бойгонӣ

Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд

© Официальная группа Памирской Лиги КВН ВКонтакте
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
27010

Қисми зиёди КВН ба забони русӣ сурат гирифт. Вале чанд саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо забони тоҷикӣ ва лаҳҷаи помирӣ низ садо доданд ва ҳатто нафаронеро, ки дар толор забони тоҷикиро намедонистанд ба ваҷд оварданд.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шаҳри Маскав даври ниҳоиии КВН-и лигаи Помир баргузор гардид, иттилоъ медиҳад "Русия барои ҳама".

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар  Донишгоҳи давлатии  геодезӣ ва харитасозӣ баргузор шуд.

Барои ҷоизаи олӣ ба қадри 100 ҳазор рубли русӣ дар саҳна се гурӯҳ: "Русмеҷоз", "Ширчайники" ва "Бадахшанский юморок" байни ҳам рақобат карданд.

"КВН-и Помир барои бори аввал дар Русия дар шаҳри Маскав баргузор мешавад. Мо хостем ҷавононро гирди фаъолияти шавқовар ҷамъ орем. Ва барои ташкили чизи нав сарамонро гаранг накарда, КВН-ро чун асос, ки яке аз бозиҳои ҷаҳонӣ мебошад, қабул кардем. Ба ҷавонон ин фикр маъқул шуд ва онҳо тайёриро сар карда, ба ковтукови ақидаҳои нав пардохтанд",-гуфт яке аз ташкилкунандагони бозӣ Аслишо Акимбеков.

Қисми зиёди ишитрокчиёни даври финалии бозӣ-донишҷӯён мебошанд ва танҳо чанд нафарашон мактабхонанд. Ҳамаи онҳо чандин сол боз дар Русия зиндагӣ ва таҳсил доранд.

Қисми зиёди КВН ба забони русӣ гузашт. Вале чанд саҳнаҳои ҷолиб буданд, ки бо  забони тоҷикӣ ва лаҳҷаи помирӣ садо доданд. Ва иштирокчиён тавонистанд фикри худро чунон моҳирона иброз намоянд, ки ба ҳама писанд омад ва  ҳатто нафароне, ки забони тоҷикиро намедонистанд низ ба ваҷд омаданд.

"Мақсади асосӣ аз баргузории КВН-ин нигоҳ доштани лаҳҷаҳои помирӣ мебошад. Новобаста аз он, ки 80 фисади бозӣ бо забони русӣ сурат мегирад, албатта 20%-и он бо забони модарӣ гузаронида мешавад. Ҳастанд шӯхиҳое, ки онҳоро ҳеҷ ба занбони русӣ гуфта намешавад, онҳо ширинии худро гум мекунанд",-изҳор дошт Акимбеков.

Раиси ҳайати доварон мегӯяд, дар назар аст, ки дар оянда-гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон, ки дар он аз ҷавонон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон иштирок мекунанд, ташкил карда шавад.

Ду соати шухию бозӣ хеле зуд гузашт. Гурӯҳи "Ширчайники" соҳиби ҷои аввал шуданд, вале дигар гурӯҳҳо иброз доштанд, ки барояшон муҳим иштирок ва хурсанд кардани тамомшобинон буд. Мукофоти олиро бошад, гурӯҳҳо бо маслиҳати пешакӣ байни ҳам тақсим карданд.

Мавзуъ

Бохти дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав
Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон барои рақобат бо 5 тим ба Маскав рафт
Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон: дар Маскав ҳам мухлис пайдо кардем
Барчаспҳо:
мукофоти олӣ 100 ҳазор рубли русӣ, КВН, даври ниҳоӣ, рақобат, Аслишо Акимбеков, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ