Ҳоҷии тоҷик: аз зиёрати Каъба то ахлоқи бади мусалмонон ва нороҳатӣ аз гумрук

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкҲоҷиён дар Макка. Акс аз бойгонӣ
Ҳоҷиён дар Макка. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом ба ҳисоб меравад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳазорон шаҳрвандон ба Хонаи Худо равон мешаванд. Имсол 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар озими Макка гардиданд. Дар умум, имсол аз тамоми ҷаҳон 1, 1 миллион нафар шаҳрванд аз 160 кишвари дунё ба Макка рафтанд, то адои ҳаҷ кунанд.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Фарида Бобоҷонова. Ҳоҷиён имсол аз санаи 21-уми август то 5-уми сентябр ба Ҳаҷ рафтанд, ки қисми зиёди онҳо ҳоло ба кишвар баргаштаанд.

Кампир ба Ҳаҷ нарафт ва 105 ҳазор сомониро барои бунёди пул сарф кард

Бинобар он, ки соли гузашта дар натиҷаи бархӯрди издиҳоми зиёди зоирон 2,2 ҳазор ҳоҷӣ ҷон доданд, Ҳукумати Арабистони Саудӣ  кӯшиш намудааст, ки ҳаҷҷи имсола бидуни талафот сурат бигирад. Мувофиқи маълумотҳои охир се нафар зоирони тоҷик имсол низ бо сабабҳои гуногун  дар Ҳаҷ вафот карданд.

Дар робита ба анҷом ёфтани маросими Ҳаҷ, Sputnik Тоҷикистон бо яке аз ҳоҷиёни тоҷик сӯҳбат орост, ки мавсуф адои умра намудааст. Ғафурҷон Ҳакимов, ноиби ректор оид ба илм ва татбиқот, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар яке аз сафарҳои кории хеш озими Арабистони Саудӣ гардида, ба ин васила умра намуд ва бардоштҳои хешро аз ин кишвар ва умуман ҳаҷ бо Sputnik Тоҷикистон дар миён гузошт:

Шумо Арабистони Саудиро чӣ гуна дарёфтед? Аз нигоҳи Шумо Арабистони Саудӣ аз дигар давлатҳои тараққикарда чӣ бартарият  ё фарқият дорад?

Тавассути сомонаи Интернетӣ оиди баргузории 32-умин Ассамблеяи генералии палатаҳои савдои Давлатҳои иттиҳодияи Араб ва аъзоёни он ба унвонии суроғаи ман иттилоъ ворид шуд, ки тибқи барномаи қаблии ин чорабинӣ дар он масъалаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бо тамғаи "Ҳалол" низ баррасӣ мешуд. Дар доираи барномаи чорабинии мазкур зиёрати умра низ ба нақша гирифта шуда буд.

Рӯзҳои 29-31 марти соли 2016 дар доираи барномаи 32-юмин Ассамблеяи генералии баргузории Форуми байналмилалии маҳсулоти «Ҳалол» ширкат варзида, пас аз он аз 01 то 08 апрели соли 2016 тибқи талаботи Ҳаҷи умра рукнҳои онро ду маротиба марҳала ба марҳала иҷро кардам (маротибаи дуюм ба ҷойи қиблагоҳам — Падари бузургворам Қосимбой, ҷояшон ҷаннат бошад!).

Дар ҳақиқат вобаста ба доираи фаъолияти илмию таълимиам бо мақсади сайқали маҳорати касбӣ ва ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Маскав, Санк-Петербург, дар Донишгоҳи иёлоти Небраска дар шаҳрҳои Омаха ва Линколн (ИМА); дар доираи барномаҳои байналмилалии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон (GIZ) дар шаҳрҳои Олмон, дар шаҳрҳои Остонаи Қазоқистон, Истамбули  ва Рига ташриф овардаам.

Тавофути кишвари Арабистони Саудӣ бо обу ҳавои ниҳоят гарм, реҷаи фаъолият мушоҳида карда мешавад.

Ба мушоҳидаи ман ба тозагии шаҳр таваҷҷуҳи кам доранд ё шояд менталитети сокинони маҳаллӣ ҳамин тур бошад. Масъалаи сифати ғизо тибқи талаботи стандарти байналмилалӣ (ISO) ва ба меъёрҳои НАССР ҷавобгӯ нестанд.

Муаммо ин аст, ки дини мубини "ислом" — дини озодапарасту тозатарин байни динҳои дигар мебошад.

Дар дохили тамоми масҷидҳо тозаю озодагӣ риоя мешавад, аммо берун аз он ифлосиҳо мушоҳида мешаванд, ки боиси хирашавии таъби аёдаткунандагону меҳмонон мешавад.

Дар бисёр роҳраву гузаргоҳҳо ва саҳну шафати масҷидҳо нонрезаю партовҳо омехта шудаанд, ки шаҳодати беэҳтироми сокинони шаҳр нисбати қадру қиммати нон мебошад (то ҳатто дар атрофи Масҷиду-л-ҳарам (Макка) ва Масҷиди Набавӣ (Мадина) чунин ҳолат ба назар мерасанд. Яъне чун дар Ҷумҳурии Тоҷикистону собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  ба қадру қиммати нон намерасанд.

Дар бобати масъалаи иҷрои рукнҳо ва матлаби намозгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон ва баъзе аз давлатҳои манотиқи Қафқоз, Тотористони Федератсияи Русия нисбат ба Арабистони Саудӣ низоми беҳтару қавитар доранд. Дар манотиқи Осиёи Миёна ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ ваҷҳ аз пеши намозгузор намегузаранд, ки мамнӯъ шуморида мешавад, аммо дар Арабистони Саудӣ ин чиз мушоҳида намешавад (шояд сабабаш ниҳоят бисёр будани намозгузорон ва фарогири зиёраткунандагони тамоми қитъаҳои дунё бошанд, ки низому равияи худро доранд).

Дар меҳмонхонаҳо сифати баланди хизматрасонӣ ҷорӣ карда шудааст. Ғайр аз ин нархи нақлиёти хизматрасон(ба ғайр аз таксӣ) хело арзон аст, ки ин рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад.

Тоҷикистонро дар Макка чӣ гуна қабул намуданд ва  аз кадом  ҷиҳат раванди сафар ба Ҳаҷ ба  Шумо писанд омад?

Камина ҳамчун роҳбари гурӯҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда будам ва гурӯҳи ташкилкунандагони Ассамблея моро дар Ҷидда хело хуб қабул ва пазироӣ карданд. Қобили қайд аст, ки дар чорабинии зикршуда аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) танҳо аз кишвари мо ширкат варзиданд. Тамоми чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи тасдиқшуда гузаронида шуд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони Анҷуман ҳайати Тоҷикистонро намояндагони Саудӣ хело хуб пазироӣ карданд. Алал хусус, Президенти палатаи савдои Арабистони Сауди шайх Солеҳ Комил ҳайъати Тоҷикистонро хуш пазироӣ кард.

Танҳо ҳангоми аз қайди гумрук гузаштан камтар нороҳат гаштем. Бараъло мушоҳида мешуд,  ки кормандони мақомот бо сӯиистифода аз мансаб бе навбат шиносҳои худро аз ҷараёни тафтиш ва бақайдгирии шиноснома (гумрукӣ) мегузарониданд, ки боиси пайдошавии муҳити носолим ва норозигии мардум мешуд. Намояндагони хориҷӣ (ғайримусалмон) низ аз рафтори номатлуби намояндагони мақомот дар Фурудгоҳи Ҷидда чунин умед надоштанд. Кормандони мақомот дар Фурудгоҳи Ҷидда сокинони замини муқаддасанд, аммо ба чунин фаъолияти онҳо дар ҳайрат монданд.

Мехостам, дар бораи рукнҳои умра, ки дар рафти зиёрат кардан, иҷро намудед, нақл кунед.

Дар ҷараёни баргузаронии Ҳаҷи умра ягон мамониат ба миён наомадааст ва тибқи аҳкому қоидаҳои муайяншуда сурат гирифт.

Ҳоҷиён аз Тоҷикистон дар вақти сафар ба Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имсол Арабистони Саудиро 1 миллион ҳоҷиён зиёрат мекунанд

Дар ҳақиқат чи қадаре, ки ҳар як зиёраткунанда ба Масҷидулҳарам наздик мешавад, ба як ҳиссиёти фавқулоддӣ гирифтор мешавад, ки беихтиёр тамоми нерӯю фикри ҳаҷгузор танҳо дар зиёрат тибқи низому тартиботи муайяншуда (такбиру таҳлил) ва замзамаи сураҳои Қуръони карим аст.

Ҳамин ҳолат то ба охир расидани тавофи Хонаи Худо (назди Каъба), саъйи байни Сафову Марва ва Тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани мӯйи сар, ки охирон воҷиби барномаи умра мебошад, ҳис карда мешавад.

Мо ҳатто дар меҳмонхона  танҳо зикру шукргузорӣ ба Худо, Паёмбар, замзамаю тафсир ва мубоҳиса оиди сураҳои Қуръони Карим будем.

Умра тибқи қоида ва тартиб бидуни чунин рукнҳо: ташриф ва вуқуф дар саҳрои Арафот, сангзанӣ ба шайтон дар Мино анҷом дода мешавад.

Рӯзи 3-5.04.2016 бо мақсади зиёрати оромгоҳи Муҳаммад с.а.в. ва наздикону пайравони ӯ дар Масҷиди Набавӣ ба самти шаҳри Мадинаи мунаввара сафар кардем. Зиёрати Масҷиди Набавӣ тибқи аҳкому қоидаҳои муайяншуда сурат гирифт.

Таи ин рӯзҳо ҷойҳое, ки Паёмбар ташриф овардаанд, мо низ маконҳои муқаддасу таърихӣ масҷидҳои Кубо, Қиблатайн (бо гузоштани ду ракат намоз) ва кӯҳи Уҳудро зиёрат кардем. Намозҳоямонро  дар 5 вақтаҳои муайяншуда дар дохили Масҷиди Набавӣ мегузаронидем.

© Фото : Прислано пользователемҲоҷиён дар маросими Ҳаҷ
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
© Фото : Прислано пользователемҲоҷиён дар маросими Ҳаҷ
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
© Фото : Прислано пользователемҲоҷиён дар маросими Ҳаҷ
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
© Фото : Прислано пользователемҲоҷиён дар маросими Ҳаҷ
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
1/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
2/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
3/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ
4/4
Ҳоҷиён дар маросими Ҳаҷ

Ҳоҷиён  ҳангоми зиёрати Хонаи Худо ба чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд?

Қайд кардан ҷоиз аст, ки гуфтори «мусулмон бародари мусулмон» ё худ «мӯъмин бародари мӯъмин» дар ду ҷойи аз ҳама муқаддаси мусулмонон умуман риоя карда намешавад:

Ҳангоми тавоф ва наздикшавӣ ба "Ҳаҷаруласвад" ҷавонмардони тануманд ба солхӯрдаҳо ва занҳо умуман роҳ намедиҳанд, афсӯс, ки як бенизомии комил мушоҳида мешавад;

Ҳангоми наздикшавӣ бо мақсади аёдат (зиёрат)-и оромгоҳи "Ҳазрати Муҳаммад с.а.в., Абӯбарк р.а. ва Умар р.а." дар дохили масҷиди Набавӣ чунин ҳолати хеле дилхастакунанда низ мушоҳида карда мешавад, ҳолатҳое мешавад, ки дуздӣ ҳам мешавад (Афсӯс!!!), новобаста аз он, ки ҳадамоти бехатарӣ шабонарӯз фаъолият мекунанд.

Ба фикри Шумо, оё барои Тоҷикистон нархи Ҳаҷ (4 ҳазор. доллар — ё 29 ҳазор сомонӣ, дар ҳоле, ки маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ аст) қимматӣ намекунад?

Адои рукнҳои Ҳаҷ барои ҳар як мусалмон давоми умраш фарз аст ва Ҳаҷҷи умра, ки ба ҳаҷҷи хурд пазируфта шудааст, суннати аввалиндараҷа мебошаду воҷиб (ҳатмӣ) аст. Тибқи талабот ба шахси имконияти моливии комилдошта (бо меҳнати ҳалол ба даст оварда) адои рукнҳои Ҳаҷ  воҷиб ва қабул аст. Маблағи муайншуда ба унвонии бевоситаи Муфтиёт ва роҳбарияти кишвар вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои мусулмонӣ ба ходимони барҷастаи илму маърифат бояд бурсия(грант)-ҳо ба миқдори муайян ҷудо кунанд, то ки онҳо бо дастгирии молиявии ҳукумат рукнҳои ҳаҷро ба сомон расонанд.

 Хуб мешуд, ки зиёрати ин ду ҷойҳои муқаддас, ки тибқи низому рукнҳои адои Ҳаҷ зарурӣ (фарзӣ) ҳастанд, танҳо барои солхӯрдаҳо, занҳо ва маъюбон соату вақти муайян ҷудо мекарданд, то ин ки онҳо ҳам ба орзую омоли худ мерасиданд, ба манфиату обрӯи қабулкунандаҳо ва Ҳукумату шаҳрдорони Маккаю Мадинаи Арабистони Саудӣ мешуд.

Вобаста ба нарасидани квотаҳо (ҳар сол Арабистони Саудӣ ба кишварҳои талабгор квота — ҳиссаи муайян ҷудо мекунад) дар Тоҷикистон маҳдудияти синну сол ва имконияти сафари Ҳаҷ дар панҷ сол як маротиба кардан ҷорӣ карда шудааст. Дар бораи маҳдудияти синну солӣ дар Тоҷикистон яъне пас аз 40-солагӣ сафар ба Ҳаҷ чӣ фикр мекунед?

Шояд ин хуб ҳам бошад! Чунки вориди ҷойҳои муқаддас мешавӣ Масҷидулҳарам ва Масҷиди Набавӣ ё дигар ҷойҳо бевосита кӯдаконро вомехӯрӣ, ки оиди тартибу бо ҷогузории рукнҳои Ҳаҷ ягон хел бархӯрдорӣ надоранд. Яъне, маънои онро дарк ҳам намекунанд.

Аз кадом лиҳоз бо маҳдудияти 40 солагӣ бошад, ман бархӯрдор нестам, аммо дар тамоми кишварҳо синни 18 солагӣ ба балоғат расида ҳисобида мешавад ва хуб мешуд, ки ин меъёр аз 18 солагӣ муайян мешуд. Шояд ҳодисаҳои охирон солҳо дар баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Араб бошад, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд?

Чи хеле, ки ман боло зикр кардам, мардуми солхӯрда ва занҳо ба тавофи "Ҳаҷаруласвад"(Каъба — шарҳ аз идора) ва аёдат (зиёрат)-и оромгоҳи "Ҳазрати Муҳаммад с.а.в., Абӯбарк р.а. ва Умар р.а." дар дохили масҷиди Набавӣ умуман имконияти наздикшавиро надоранд.

Пас аз зиёрати Хона Худо,  Шумо бо мисраҳои машҳури Мавлоно Ҷалуддини Румӣ, ки мегӯяд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазарон Каъба як дил беҳтар аст.

розӣ ҳастед?

Им маъноро дар адабиёти ниёгонамон бисёр метавон во хӯрд:

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад банда ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошию, шабҳо ба намоз,

Беҳ зон набувад, ки як диле шод кунӣ.

Ё ин ки байте аз Хайём:

Сад Каъба оби гил ба як дил нарасад,

Каъба чӣ равӣ? Бирав дилеро дарёб.

Ҷавҳари ҳамаи ин навиштаҳо, на фарқ байни ҳаҷ кардан ва ё ба ивазаш некӣ намудан аст, балки пеш аз ҳама дар зиндагӣ инсони комил будан аст. Ба касе хубӣ кардан, ятимеро дастгирӣ ва хурсанд кардан, ба ниёзманд дасти ёрӣ дароз кардан, солхӯрдаеро ё ба маъёб ёрӣ расонидан, маризеро аёдат кардан — хислатҳои беҳтарини инсонист, ки боиси хушнудии Худованд мегардад.  Асос, бо хислату кирдори нек ба қалби волидайн тақвият бахшидану пайваста руҳбаланд кардан, то ки ҳамеша дуогӯятон бошанду, баракатгӯи зиндагиатон гардаднд.  Яъне, шиори "Рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек" доимо ҳамрадиф дар фаъолияту зиндагиатон бошад.

Пас аз сафар ба Ҳаҷ рӯҳиияи худро чӣ гуна дарёфтед?

Ҳиссиёте, ки бо гуфтану навиштан иброз карда намешавад. Бояд худи ҳар як ашхос бо меҳнату заҳмати ҳалоли хеш ва бо нияти пок зиёрати Хонаи Худоро орзу кунад, то ки ба мақсади худ бирасад!

Камина аз зиёрати маконҳои муқаддас бисёр бардошти илмию маърифатӣ ва одобию ахлоқи кардам, ки ҳам ба манфиати фаъолияти касбиам ва ҳам зиндагиам муфид буд! Агар Худо бори дигар имконият диҳад албатта истифода мебарам!!!

Лентаи хабарҳо
0