04:23 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
мехчагул, акс аз бойгонӣ

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ вафот кард

© Sputnik / Сергей Аверин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
46430

Шоири машҳури тоҷик Мирзо Файзалӣ пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар шаҳри Ваҳдат, дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.Дар Тоҷикистон шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ вафот кард.

Қайд карда мешавад, ки шоир дар синни 75-солагӣ пас аз бемории кӯтоҳмуддат даргузаштааст.

Маросими дафн ва  видоъ бо Мирзо Файзалӣ дар зодгоҳаш- шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Мирзо Файзалӣ беш аз 40 сол аст, ки ба кори эҷодӣ машғул буда, дар ин давра маҷмӯаҳои назмию насрияш «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011), «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст (2014) аз чоп баромадаанд.

Таджикский поэт Мирзо Файзали, архивное фото
© Фото : Союз писателей Республики Таджикистан
Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ

Иддае аз шеърҳояш дар зиёда аз 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон, Ӯзбекистону Туркманистон, Озарбойҷону ғайри он интишор ёфтаанд.

Дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шуҳрат дошта, ба шеърҳои зиёда аз 100 шоири замон нақиза навиштааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик рухдоде нодир аст.

Чанде аз шеърҳояшро сарояндагон ба оҳанг дароварда, ба воситаи радиову телевизион ва дар базму маъракаҳо тараннум мекунанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Бо медалҳои «100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Хизмати шоиста», нишони фахрии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,  Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1970 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 

Барчаспҳо:
фавти шоир, шоири халқӣ, Мирзо Файзалӣ, Ваҳдат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ