20:02 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
26520

Дар Маскав дар доираи Форуми XVI-уми синамогарон филми коргардони тоҷик Далер Раҳматов ва Умедшо Мирзоширинов намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Форуми XVI-уми синамогарон кишварҳои ИДМ, Эстония ва Гурҷистон иштирок мекунанд.

Дар доираи ҷашнвора филми "Мушкилкушо" ва "Сафари ҳавоӣ" —и синамогарони тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд.

Дар ҷашнвора ҳамчунин филмҳои намояндагони Арманистон, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эстония, Озарбойҷон, Узбакистон ва дигар кишварҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Форуми XVI-ум  дар кинотеатри "Иллюзион"-и шаҳри Маскав аз 17-уми декабр то 23-юми ҳамин моҳ гузаронида мешавад.

Филми Умедшо Мирзоширинов-"Мушкилкушо" санаи 19-уми декабр ва филми "Сафари ҳавоӣ"-и Далер Раҳматов рӯзи 23-юми декабр ба намоши гузошта мешаванд.

Кадр из фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото
© Фото : из личного архива Умедшо Мирзоширинова
Навор аз филми "Мушкилкушо"

"Мақсади асосӣ аз баргузории ҷашнвора таҳкими муносибатҳо бо коргардонони кишварҳои АвруОсиё гуфта мешавад. Ҷашнвора бори аввал  соли 1994 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд",-омадааст дар хабарнома.

Қайд мегардад, ки намоиши филмҳо ройгон буда, онҳо ҳамарӯза шурӯъ аз санаи 17-уми декабр то 23-юми ҳамин моҳ соати 17.00 намоиш дода мешаванд.

Қаблан коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки то Соли нав ба тоҷикони муқими Русия намоишномаи "Мушкилкушо"-ро  ҳадя меорад.

 

Мавзуъ

“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов дар Душанбе намоиш дода мешавад
Барчаспҳо:
намошии филми коргардонони тоҷик, Форуми Форуми XVI-уми синамогарон, Умедшо Мирзоширинов, Далер Раҳматов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ