10:27 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Садриддин Наҷмиддин

Садриддин Наҷмиддин тариқи пахши мустақим ба саволҳои мухлисон ҷавоб гуфт

© Аз саҳифаи расмии Садриддин Наҷмиддин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
26102

Садриддин Наҷмиддин-овозхони саршиноси тоҷик, ки солҳои тӯлонист рӯи саҳна аст, имрӯз тариқи пахши мустқпими шабакаи ҷаҳонии Facebook барои аввалин бор бо мухлисонаш сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Имрӯз сарояндаи номии эстрадаи тоҷик Садриддин Наҷмиддин барои аввалин бор тариқи пахши мустақим аз саҳифаи Фейсбукии худ бо мухлисонаш сӯҳбат карда, аз он, ки аз номи ӯ дигарон дар шабакаҳои интернетӣ сухан мегӯянд, изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ қайд намуд, ки нафарони зиёде аз номи ӯ аз саҳифаи дигар сухан мегӯянд.

"Рости гап ман чунин шахсонро, ки аз номи дигар касҳо сухан мегӯянд, намефаҳмам",-гуфт Садриддин Наҷмиддин.

Дар рафти сӯҳбат ӯ ҳамчунин ба саволҳои сершумори мухлсион посух гуфта, чанд суруд низ замзама кард ва аз баргузории консертҳои навбатӣ хабатиаш дар кишварҳои хориҷ хабар дод.

 

Мавзӯъҳои асосӣ