13:53 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
манораи Эйфел

Наврӯз дар Фаронса: ҳунармандони тоҷик дар Порис ҳунарнамоӣ хоҳанд кард

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
8411

Виолуннавоз Шафақ Фаррухзод, пионунавоз Заррина Собирова ва овозхон Зарина Тоҷибоева дар Фаронса консерти Наврӯзӣ иҷро мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Тоҷикони Фаронса Наврӯзро бо барномаи фарҳангӣ ҷашн хоҳанд гирифт.  

Дар ин барнома, ки созмони тоҷикони Фаронса “Равзана” 24 март дар Порис баргузор мекунад, виолуннавоз Шафақ Фаррухзод, пионунавоз Заррина Собирова ва овозхон Зарина Тоҷибоева ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Раҳбари Фарҳангистони мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов низ меҳмони вижаи Созмони “Равзана” аст. Вай дар чорчӯби ин барнома коргоҳи омӯзишии навохтани дутор, танбӯр ва назарияи мақомро бургузор хоҳад кард.

Созмони тоҷикони Фаронса “Равзана” дар Порис фарҳанги форсизабонон, бавижа тоҷиконро тарғиб мекунад. Ин созмон ки порсол тобистон бунёд шудааст, асосан консертҳо, намоишгоҳҳо ва барномаҳои адабӣ ва фарҳангӣ баргузор мекунад. Чунончи, то кунун намоишгоҳи нигоргар Қодир Раҳимов, шаби ёдбуди шоир Лоиқ Шералӣ ва Рӯзи истиқлоли Тоҷикистонро баргузор кардааст.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
Наврӯз, Ҷамъияти тоҷикони "Равзана", Заррина Тоҷибоева, Заррина Собирова, Шафақ Фаррухзод, Тоҷикистон-Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ