Наврӯз - ҷашни Соли нави Эронзамин

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкБаҳор. Акс аз бойгонӣ
Баҳор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наврӯз яъне рӯзи нав, ҷашни оғози соли нав аст ки мардумони эронитабор аз дер боз дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор баргузор мекунанд. Наврӯз омили асосии шаклдиҳанда ва худ шарти посдорӣ аз ҳувияти торихиву фарҳангии тамаддуни Эронзамин аст

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.


Дар бораи торихи Наврӯз

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои оғози соли нав дар ҷаҳон аст. Ин ҷашн ки аз тамаддуни Шумеру Бобил рӯида, дар бистари фарҳанги эронӣ болиш ёфта ва аз омӯзаҳои дини зардуштӣ оканда шудааст. Наврӯз дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (садаҳои VI — IV пеш аз милод), Ашкониён (садаҳои III пеш аз милод — III милодӣ) ва Сосониён (садаҳои III — VII милодӣ) ҷашни оғози расмии солшуморӣ буд. Эрониёни бостонро бовар бар ин буд ки дар ин рӯз Аҳурамаздо Зардуштро ба паёмбарӣ баргузида ва Таҳмурас бар девҳо пирӯз шуда ва Ҷамшед бар тахи шоҳаншаҳӣ нишаста ва Гуштоспу Катоюну Ҷомосп ба дини маздаяснӣ, яъне зардуштӣ, гаравидаанд.
Дар даврони исломӣ низ бо рӯи кор омадани дудмонҳои эронии Тоҳириён, Саффориён, Сомониёнин ва Оли Буя ҷашни Наврӯз беш аз пеш густариш ёфт ва бо гузашти 1300 сол яке аз намодҳои аслии ҳувияти торихиву фарҳангии тамаддуни Эронзамин шуд.


Чаро Наврӯзро дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ҷашн мегиранд?

Наврӯз аз он рӯ дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ҷашн гирифта мешавад ки аз рӯи солшумории хуршедӣ дар ин рӯз дар нимкураи шимолии Замин баҳор оғоз меёбад ва сол нав мешавад.
Солшумории хуршедӣ дар миёни мардумони эронитабор аз ду — се ҳазор сол пеш корбурд дорад ва бино бар он, соли нав дар замони баробар шудани шабу рӯз оғоз мешавад ки ба 20 — 21 март рост меояд.

Дар гузашта замони фаро расидани Наврӯзро ахтарбинон дақиқ мекарданд. Акнун оғози солро ахтаршиносон баровард мекунанд ки лаҳзаи фаро расидани Соли наву Наврӯзро бо диққати кайҳоншинохтӣ то як сония таъйин мекунанд.

Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?

Дар гузашта Наврӯзро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар панҷ рӯзи нахуст Наврӯзро бо хонавода ҷашн мегирифтаанд ва сипас аз хешону пайвандону дӯстон дидорбинӣ мекардаанд. Нӯҳум рӯз Наврӯзи Шаҳриёрон будааст. Сездаҳум рӯзро мардум аз деҳаву шаҳрҳо ба берун мерафтаву ҷашн мегирифтаанд. Ин ойин ҳануз ҳам дар Эрон бар по мешавад ва онро "сездаҳбадар" мегӯянд. Дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ касоне сездаҳбадарро баргузор мекунанд. Акнун Наврӯз дар Тоҷикистон расман чаҳор рӯз — 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад. 


Наврӯзи имсол дар Тоҷикистон

Барномаҳои ҷашни Наврӯз имсол дар Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешаванд.

Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барномаҳои ҷашни Наврӯз дар боғҳои шаҳрии Душанбе — "Дӯстии халқҳо" ва "Пойтахт", Боғи Садриддин Айнӣ ва майдони "800-солагии Маскав" бо ширкати ҳунармандон ва иҷрои намоиши ҷашнӣ баргузор мешаванд.

Бар асоси қарори сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ дар поёни ин барномаҳо аз соати 19:00 то соати 21:00 маросими вижаи оташбозӣ баргузор мешавад ки таи он аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе бо фосилаи 5 дақиқа аз тӯпҳо оташ шиллик хоҳанд кард.

22 март дар майдони марказии шаҳри Турсунзода бо ширкати кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарон намоиши бошукӯҳ баргузор мешавад. Имсол Наврӯзро дар Тоҷикистон чаҳор рӯз — аз 21 то 24 март — ҷашн мегиранд ва ин рӯзҳо расман таътилӣ эълом шудаанд.

© SputnikКак отмечают Навруз в Таджикистане
Как отмечают Навруз в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Как отмечают Навруз в Таджикистане
Лентаи хабарҳо
0