Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

© Фото : Аз дафтари матбуоти прездиенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани Соли нави миллиро ба тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputniк. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳимми сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишвар, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат арзёбӣ кард.

"Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои созандагӣ ва ободкорӣ  рӯҳу тавони тоза мебахшад".

Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад. 

Фарорасии ин ҷашни бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, инчунин, ба хурду бузурги мардуми сарбаланду меҳмондӯсти  шаҳри Турсунзода самимона табрику шодбош мегӯям.

Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Турсунзода рафт

Итминони комил дорам, ки аз файзу баракати наврӯзӣ сокинони заҳматқарину соҳибтаҷрибаи шаҳри Турсунзода имсол низ ба дастовардҳои тоза ноил гардида, барои рушди бештари саноату кишоварзӣ ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварамон софдилонаву содиқона кору фаъолият хоҳанд кард.

Орзумандам, ки ин ҷашни фархунда имсолу солиёни дигар ба мулки зебои  мо, аз ҷумла ба диёри мардони соҳибҳунару соҳибтаҷриба — шаҳри Турсунзода нишоту шодмонӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва  дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтӣ ва сулҳу ваҳдатро чун ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ ато намояд.

Лентаи хабарҳо
0