Евгений Евтушенко даргузашт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЕвгений Евтушенко, акс аз бойгонӣ
Евгений Евтушенко, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Евгений Евтушенко, яке аз номдортарин шоъирони муъосири рус, дар Амрико даргузашт

ДУШАНБЕ, 01 апр — Sputnik. Евгений Евтушенко имрӯз, 1 апрел дар ҳаштоду панҷсолагӣ дар шаҳри Ҳюстон даргузашт. 

Вай чанде пеш дар яке аз бемористонҳо бистарӣ шуда буд. Ҳамсараш Мария Новикова ба хабарнигори РИА Новости гуфта, ки шоъир аз исти қалбӣ даргузаштааст.

"Вай чанд дақиқа пеш дар канори пайвандону наздиконаш, оромона, дар хоб, аз исти қалбӣ даргузашт", — гуфт ӯ.

Макону замони хоксупории шоъир ҳануз таъйин нашудааст.

Евгений Евтушенко яке аз номдортарин шоъирони шуравӣ ва Русия аст, ки чун нависанда ва рӯзноманигор низ шинохта шудааст. Ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш соли 1991 барои тадрис ба Амрико муҳоҷират карда буд ва то ин замон онҷо зиндагӣ дошт. 

Лентаи хабарҳо
0