20:35 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода

Форсизабонон Наврӯзро дар Нидерланд ҷашн гирифтанд

© Фото: Вазорати умури хориҷаи ҶТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2101

Сафорати Тоҷикистон дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург ҳамроҳ бо Конуни тоҷикон ва форсизабонони "Рӯдакӣ" фаро расидани Наврӯзро дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Подшоҳии Нидерланд бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати умури хориҷа, ин ҷашн 8 апрел бо ширкати теъдоди бисёре аз тоҷикону эрониёну афғонистониёни муқим дар ин кишварҳо баргузор гардид.

Дар бахши расмии ин барнома сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода фаро расидани Соли нави миллиро ба меҳмонон табрик гуфт.

Базми наврӯзиро гурӯҳи ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Парвина Юсуфӣ ва Ноҳид Зайналпур, бо суруду таронаҳо ва рақсҳои зебои тоҷикона гарм карданд. Ҳамчунин дар пайравӣ аз суннатҳои неки наврӯзӣ дар ин барнома мушоираву байтбарак баргузор шуд ва аҳли шеъру адаби форсии кишварҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон шеърхониву суханронӣ карданд.

1 / 1
Ҷашни наврӯзии сафорати ҶТ дар Бенилюкс

Мавзуъ

Маскав Наврӯзро дар сездаҳум рӯз аз соли нав ҷашн гирифт
Барчаспҳо:
Наврӯз, Эркинхон Раҳматуллозода, Нидерланд, Люксембург, Белгия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ