11:36 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Нусхаи китоби Қуръон

Дар Тоҷикистон нусхаи Қуръони тиллоӣ ба намоиш гузошта шуд

© Фото: Сайт Национальной библиотеки Таджикистан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
8511

Ин нусха аз "Қуръони Карим"-ро ба садаи XVI мансуб медонанд. Ду сафҳаи аввал ва ду сафҳаи охири китоби муқаддас бо оби тилло навишта шудаст ва ин китоб аз 570 саҳифа иборат аст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нусхае аз "Қуръони Карим" ба намоиш гузошта шуд.

Бино ба гузориши вебгоҳи китобхона, ин китоб дар асри XVI китобат шуда аст. Ду сафҳаи аввал ва ду сафҳаи охири китоби муқаддас бо оби тилло навишта шудааст.

Ҳамакнун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 15 нусха аз дастнависҳои  "Қуръони маҷид" мавҷуд аст, ки ҳар яки он торихи худро дорад ва бо хатту қаламҳои гуногун навишта шудааст.

Коршиносон ин нусха аз "Каломуллоҳ"-ро ба асри XVI мансуб медонанд. Аммо дар китоб аз торих ва хаттоти он ёд намешавад. Ин нусха аз "Қуръони Карим" аз 570 сафҳа иборат аст.

 

 

 

Барчаспҳо:
нусха, Қуръони Карим, намоиш, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ