12:30 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17120

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарор дода, ки дар пойтахт аз 29-уми апрел то 24-уми июн ба муносибати Соли ҷавонон барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ баргузор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо қарори раиси шаҳр ба муносибати Соли ҷавонон дар Майдони "800-солагии Москва" барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкил карда шаванд.

Барномаҳо дар Майдони "800-солагии Масква" аз 29-уми апрел то 24-уми июн баргузор хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки барномаҳои фарҳангиро Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагон бо ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон баргузор хоҳанд кард.

Дар ин барномаҳо ҳунармандони дастаҳои созиву овозиву рақсии "Сомон" ва "Лола", Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
барномаҳои фарҳангӣ, қарор, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ