23:13 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Соҳиба Давлатшоева ва гурӯҳи созиву овозии Бадахшон

Соҳиба Давлатшоева бо гурӯҳи "Бадахшон" дар Урупо ҳунарнамоӣ мекунад

© Фото: Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19641

Гурӯҳи мусиқии "Бадахшон" бо даъвати Бунгоми мусиқоии Оқохон (Aga Khan Music Initiative) ва созмони фарҳангии олмонии "Klangkosmos" дар дувоздаҳ шаҳри урупоӣ барномаи ҳунариву фарҳангӣ баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Гурӯҳи мусиқии "Бадахшон" ба раҳбарии Соҳиба Давлатшоева дар раванди сафаре ҳунарӣ аз 3 то 19 май дар дувоздаҳ шаҳри Олмон, Ҳуланд ва Белжик барномаҳои ҳунарӣ ва коргоҳҳои фарҳангӣ иҷрову баргузор хоҳад кард.

Бино ба гузориши равобити умумии Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN), ин сафари ҳунарӣ бо даъвати Бунгоми мусиқоии Оқохон (Aga Khan Music Initiative) ва ҳамкории созмони "Klangkosmos" баргузор мешавад, ки он 20 гурӯҳи ҳунариву фарҳангиро дар устони Нордрейн-Вестфален дар бар мегирад. Гурӯҳи мусиқии "Бадахшон" дар 12 шаҳр, аз он ҷумла Дуселдорф, Зиген, Бонн ва Вуппертал дар Олмон, Лейден дар Нидерланд ва пойтахти Белжик — Бруксел, барномаҳои ҳунарӣ ва коргоҳҳои омӯзишиву фарҳангӣ баргузор хоҳад кард.

Ин барномаҳо дар фарҳангсароҳо, толорҳои мусиқӣ, бунгоҳҳои иҷтимоъӣ баргузор мешаванд ва гурӯҳи Соҳиба Давлатшоева боздидкунандагонро бо ҳунари мусиқӣ ва созҳову оҳангҳои мардумии Бадахшон ошно хоҳад кард.

Гурӯҳи созиву овозии "Бадахшон"-ро ҳунарманди овозадор Соҳиба Давлатшоева ташкил карда ва дар он рубобнавозу мадҳиясарои соҳибсабк Ҳақназар Ҳаловатов, сеторнавози номӣ Мухтор Муборакқадамов ва рубобнавози хушном Хушбахт Ниёзов ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин гурӯҳ мусиқии мардумии Бадахшонро иҷро мекунад, ки жанрҳои гуногуни созиву овозиро дар бар мегирад. Ғанои ин мусиқӣ аз ашъори суфиёнаи шуъарои бузурге чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ сарчашма гирифта ва фалаксароиву мадҳиясароӣ аз маъруфтарин жанрҳои ҳунари мусиқии бадахшониҳост.

Шабакаи "Klangkosmos" созмони мардумниҳодест ки 20 гурӯҳи ҳунариву фарҳангиро дар устони Нордрейн-Вестфален дар бар мегирад. Ин созмон силсилае аз консерту коргоҳҳои ҳунариву омӯзиширо дар шаҳрҳои гуногуни Урупо баргузор мекунад ва урупоиёнро бо ҳунару фарҳанги дигар мардуми ҷаҳон ошно мегардонад.

Бунгоми мусиқоии Оқохон (Aga Khan Music Initiative) тарҳе мусиқоӣ ва ҳунариву омӯзишӣ аст, ки шоҳзода Оқохон барои пуштибонӣ аз ҳунармандону мусиқидононе роҳ андохта, ки кӯшиш доранд мероси мусиқоии мардуми худро пос доранду ба наслҳои оянда бирасонанд. Ин тарҳро Бунёди фарҳангии Оқохон (Aga Khan Trust for Culture) иҷро мекунад, ки онро Шабакаи тавсеъаи Оқохон барои рушду тавсеъаи фарҳангӣ таъсис дода ва барномаҳое дар Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иҷро кардааст.

Бунгоми мусиқоии Оқохон бо шабакае густарда аз созмонҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад ва барномаҳои ҳунарӣ, намоишгоҳҳо, ҷашнвораҳо, коргоҳҳои омӯзишии ҳунариву фарҳангӣ баргузор мекунад, ки дар онҳо ҳунармандони навовару навҷӯ ҳамроҳ бо посдорони суннатҳои ҳунариву фарҳангӣ ширкат мекунанд.   

Мавзуъ

Сокинони Бадахшон: “меҳмоннавозӣ ва кӯмак ба ниёзмандон анъанаи мост”
Барчаспҳо:
мадҳиясароӣ, фалаксароӣ, ҳунарнамоӣ, гурӯҳи "Бадахшон", Хушбахт Ниёзов, Мухтор Муборакқадамов, Ҳақназар Ҳаловатов, Соҳиба Давлатшоева, Урупо, Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ