Ёдбуди Одина Ҳошим ва Абдулло Назриев дар Филармонияи давлати Тоҷикистон

© Фото : FacebookНародный артист Таджикской ССР Абдулло Назриев
Народный артист Таджикской ССР Абдулло Назриев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар барномаи ёдбуд пайвандону шогирдону дӯстдорони ҳунари Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулло Назриев ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба поси хотири Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулло Назриев барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Чуноне ки дафтари матбуотии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, дар барнома пайвандону фарзандон ва шогирдону дӯстдорони ҳунари созу овози ин устодон, аз ҷумла Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматуллои Ҳошим, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмоил Назриев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров, Ҳунарпешаи мардумӣ Озодамоҳ Муҳтарамова, Ҳунарпешаи мардумӣ Афзалшо Шоидиев ва ҳофизи ҷавон Фирдавси Ҳошим иштирок хоҳанд кард.

Барнома асосан аз суруду оҳангҳои эҷодиёти устодони зиндаёд Одина Ҳошим ва Абдулло Назриев иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0