Муъмин Қаноат 85-сола мешавад: ҳамоиш ба муносибати зодрӯзи шоир

© Sputnik / Амир ИсаевМумин Каноат. Архивное фото
Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
20-уми май дар толори Фраҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳе ба муносибати 85-умин солгарди зодрӯзи устод Муъмин Қаноат баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Чуноне ки аз Академияи илмҳои ҶТ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ба хотири таҷлили 85-умин солгарди мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат маросими махсус ташкил карда мешавад.

Бино бар иттилои муовини саркотиби илмии АИТ, доктори улуми забоншиносӣ Мирзо Муллоаҳмад, Фарҳангистони улум ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба муносибати зодрузи  шоир дар толори фарҳангистон бо ширкати намояндагони илму адаб маҳфили бошукӯҳ баргузор кунанд.

Бино бар гузориши манбаъ, дар маҳфил шоирон, нависандагон, олимон ва донишҷӯёну фарҳангиён ширкат хоҳанд кард.

"Ҳамоиш, албатта бо ҳузури устод Муъмин Қаноат баргузор мешавад", — гуфт Мирзо Муллоаҳмад дар суҳбат бо хабарнигори мо.

Поэт Лоик Шерали - Sputnik Тоҷикистон
“Лоиқ намеояд дигар” : Таҷлили зодрӯзи Лоиқ Шералӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Бино ба гузориши вай ҳамоишро президенти АИ Фарҳод Раҳимӣ оғоз хоҳад кард.

Донишҷӯёни аспирантура ва магистратураи АИТ пораҳое аз ашъори шоири халқии кишварро қироат хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиш раиси Иттифоқи нависандагони ҶТ Низом Қосим, шоири халқии ҶТ Аскар Ҳаким ва донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб суханронӣ кунанд.

Муъмин Қаноат 20 маи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст.

Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Тавассути достони "Тоҷикистон — исми ман" (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Намунаҳои осораш борҳо ба забонҳои русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ ва ғ чоп шуда, ӯ ҳам дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.

Лентаи хабарҳо
0