Манижа дар Маскав дар рӯи об ҳунарнамоӣ мекунад

© Фото : Марина МельникКонцерт певицы Манижи
Концерт певицы Манижи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони тоҷики муқими Русия - Манижа Сангин чанде қабл консерти нахустинашро дар пойтахти шимолии Русия баргузор кард. Ӯ ният дорад ба зудӣ барномаи ҳунариашро дар Маскав низ намоиш диҳад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳунарнамоӣ дар Маскав аз консерти Санкт- Петербург фарқ хоҳад кард, чун сароянда қасд дорад, дар ин консерташ дар рӯи об суруд хонад.

"Дар нақша саҳани шишагӣ, дарёча, чароғҳои рӯшноидиҳанда ва консерт зери осмони кушод", — навиштааст сароянда дар саҳифаи фейсбукии худ.

Барномаи ҳунарӣ рӯзи 7 июл соати 20:00 дар театри сабзи ВДНХ дар Маскав баргузор мешавад.

 

Нархи чиптаҳо аз 3500 рубли русӣ то 12000 арзиш дорад.

Қаблан Манижа Сангин дар Петербург бо овози зинда нахустин консерташро баргузор кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар Маскав овозхонони номдори тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва Шабнам Сурайё ҳунарнамоӣ карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0