22:26 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ҷашнвораи ҳунармандон дар Душанбе, 2017

Консерти идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Дар консерт хонандагони мактаби бачагонаи санъати ба номи Аминзода ва студияи балети бачагонаи назди театр ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. 3 июни соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон консерти идона баргузор мегардад.

Тавре Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, дар консерт хонандагони мактаби бачагонаи санъати ба номи  Аминзода ва студияи балети бачагонаи назди театр таҳти роҳбарии Мария Левитская ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Пкештар хабар дода будем, ки ҳукумати шаҳри Душанбе ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон омодагӣ мебинад.

Тавре равобити умуми шаҳрдории пойтахт иттилоъ дода буд, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, шаҳрдории Душанбе қарор қабул кардаст, ки дар ин рӯз як қатор маросимҳо баргузор карда шавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июни соли 2017 дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии "Аҳорун»" чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони "Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем" ташкил ва гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
консерт, рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, кӯдакон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ