19:15 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Раққосаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Микрофон нест: чаро ҳунарнамоии тоҷикон дар Туркманистон ба таъхир уфтод

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
15101

Қарор буд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 27 май то 2 июн гузаронида шавад, вале чунин нашуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ барномаи консертии фарҳангиёни тоҷик ба таъхир уфтода аз 12 то 17 июн гузаронида хоҳад шуд.

"Бо сабабҳои техникӣ санаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон тағйир ёфт. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 12 то 17 июн баргузор мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Ин барнома бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон аз намоишҳои тасвирӣ ва аксҳои "Тоҷикистони муосир", муд ва либосҳои миллӣ иборат аст.

Намоиши филмҳои коргардонони тоҷик низ дар назар аст, аз ҷумла филми "Хоби ҳамдуна"-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар доираи ин рӯзҳо намоиш дода мешавад.

Роҳбарии ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистонро муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатова бар ӯҳда дорад.

Ҳамчунин дар Туркманистон Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ ҳунамрнамоӣ хоҳанд кард.

Ҳунармандон сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун,  сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманиро ба ҳаводорони савту наво намоиш хоҳанд дод.

Барномаи бадеиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев таҳия кардааст.

Мавзуъ

Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон бо консерти бошкӯҳ оғоз шуд
Дар Белорус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон шурӯъ шуд
Дар Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Кувайт бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд
Барчаспҳо:
Рӯзҳои фарҳанг, таъхир, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ