13:05 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Ғуломҷон Ёқубов ва Афзалшоҳ Шодиев

Пешниҳоди Узбакистон: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар Узбакистон баргузор кунед

Sputnik/ Сергей Кузнецов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
13210

Вазири фарҳанги Узбакистон ба вазири фарҳанги Тоҷикистон намае навишта даъват кардааст, ки дар кишвар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор карда шавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ба наздикӣ вазири фарҳанги Узбакистон Маҳмуд Муротов ба вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков номаи сипос ирсол кардааст.

Тавре дар гузориш қайд мегардад, Маҳмуд Муротов ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ду ҳамсоякишвар миннатдории худро баён намудааст.

"Сипоси бекарони худро бар Шумо барои дастгириатон дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон баён менамоям. Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос гузаштанд. Ин бори дигар нақши бузурги фарҳанг ва санъатро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона тасдиқ намуд", — гуфта мешавад дар матни нома.

Инчунин вазири фарҳанги Узбакистон Маҳмуд Муратов бо мақсади таҳкими робитаҳои ду кишвар баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Узбакистон дар семоҳаи охири соли 2017 таклиф кардааст.

Дар охири нома Маҳмуд Муратов умед бар он бастааст, ки муносибати фарҳангии ду кишвар бо чунин суръати тез идома ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро дар бар хоҳанд гирифт.

Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангӣ, Шамсуддин Орумбеков, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ