Дар Конибодом шашмақомсаро меҷӯянд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкВъезд в таджикский город Канибадам
Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 2 то 6 июл дар шаҳри Конибодом ҷашнвораи байналмилалии “Шашмақом” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора шиносоии шашмақомсароёни ҷавон гуфта мешавад.

Равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ аз қавли мушовири ҷашнвора Абдувалӣ Абдурашидов хабар медиҳад, ки барои ширкат дар ин ҷашнвора гурӯҳи навозандагону сарояндагон аз Узбакистон ҳам даъват шудаанд.

Ҷашнвора бо ибтикори Академияи мақоми Тоҷикистон ва пуштибонии шаҳрдори Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора ҳунарнамоии дастаҳои шашмақомнавоз аз саросари Тоҷикистон, ҳамоишҳои илмию назарӣ, мизи гирд, коргоҳҳои омӯзишӣ ва дарсҳои ҳамагонӣ бо ширкати устодони ҳунари шашмақом дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0