17:07 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Вазорати фарҳанги ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Вазорати фарҳанги ҶТ беҳтарин намоишпардози тоҷикро шиносоӣ накард

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Дар озмуни саросарии намоишпардозони тоҷик ҳеч кадоме аз 12 асар сазовори мақоми аввал шинохта нашуд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, ин ниҳод аз озмуни драмнависон ё намоишпардозон натиҷагирӣ кардааст.

Ин озмун, ки ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, 1 январи соли 2017 оғоз ёфта буд.

Ба гузориши манбаъ, дар ин озмун аз 12 асар ҳеч кадоме сазовори мақоми аввал нашуда, вале доварон мақоми дувумро ба ду намоишпардоз ва мақоми севумро низ ба ду дромнавис шоиста донистанд.

Ҳамчунин се намоишпардоз сазовори ҷоизаҳои ташвиқӣ дониста шудаанд.

Доварони ин озмун мақоми дувумро ба Тоҳир Маҳмадризо барои намоишномаи "Баҳори Фаронса" ва Ҷумъа Қуддус барои намоишномаи "Навҳаи камондор" додаанд. Мақоми севумро Ато Ҳамдам бо намоишномаи "Дар кӯчаҳои қисмат" ва Нарзулло Шарипов бо комедии "Ишқи интернетӣ" аз худ кардаанд.

Ҳадафи аз баргузории ин озмун шиносоии беҳтарин намоишномаҳои драматик дар мавзуъҳои муъосир буда, ки "дастовардҳои марҳилаи навини торихи тоҷиконро намоиш дода ва пешрафтҳои даврони истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, муқовимат бо фасод, гароиши ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар падидаҳои нохушоянди ҷаҳони муъосирро бозтоб дода бошанд".

Намоишпардозон Абдуғаффор Абдуҷабборов барои намоишномаи "Худоназаркарда", Маҷид Салим барои намоишномаи "Шикор" ва Абдувадуд Файзиев барои намоишномаи "Маро маломат макунед" ҷоизаҳои ташвиқиро дарёфт кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, намоишномаҳоеро, ки дар ин озмун бартар шинохта шудаанд, дар маҷмуъае мунташир ва ба намоишсароҳои кишвар вогузор кунад.

Мавзуъ

Маҳфили ёдбуди устод Лоиқ дар оромгоҳи Лучоб
Муъмин Қаноат 85-сола мешавад: ҳамоиш ба муносибати зодрӯзи шоир
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама аз Рӯдакӣ мегӯянд
Барчаспҳо:
драмманависон, озмун, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ