05:10 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев, акс аз бойгонӣ

Ҷӯрабек Муродов дар Узбакистон ҳунарнамоӣ кард

© Фото : JM Company
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
46220

Устод Ҷӯрабек Муродов чанде пеш ба Узбакистон сафар кард. Ҳунарманд мардуми ҳамсоякишварро ба муносибати бузургдошти 100-солагии арбоби ҳунари Узбакистон Комилҷон Отаниёзов муборакбод намуд ва ҳамзамон ҳунарнамоӣ низ кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов чанде пеш ба Узбакистон сафар кард.  Дар пайи ин сафар устод мардуми ҳамсоякишварро аз номи мардуми тоҷик ба муносибати ҷашни 100-солагии ҳунарпешаи машҳур Комилҷон Отаниёзов  муборакбод гуфт ва ҳамзамон дар ҳисоби ҳунармандони машҳури узбакистонӣ ҳунарнамоӣ кард.

Устод Муродов дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки ба ҳамсоякишвар сафари серӯза дошт ва пас аз солиёни зиёд аз вилояти Хоразми Узбакистон дидан кард.

"Узбакистон чанде қабл 100-солагии арбоби ҳунари кишвар Комилҷон Отаниёзовро ҷашн гирифт. Мо аслан барои шодбошии мардуми кишвар ба муносибати ин ҷашн ба Узбакистон рафтем ва аз номи тоҷикон онҳоро шодбош гуфтем",- қайд кард устод Ҷӯрабек Муродов.

Устод аз қабули мардуми узбак аз ҳунарманди тоҷик ибрози қаноатмандӣ кард.

"Дар Узбакистон моро хело хуб пазируфтанд. Дар чанд маҳфиле, ки бахшида ба гиромидошти арбоби ҳунар баргузор шуда буд, ба мо сухан доданд ва суханронӣ карем",- афзуд Ҷӯрабек Муродов.

Илова бар ин тавре ки Ҷӯрабек Муродов қайд кард, ҳангоми суханронӣ дар қатори ҳунармандони узбакистонӣ суруд сароид.

"Шаби дувум дар Хева дар маҳфиле  бисёр меҳмонон гирд омаданд. Ёвари раисҷумҳури Узбакистон суханро ба ман доданд ва ман пас аз табрикот як ду суруд замзама кардам",- гуфт устод.

Илова бар ин,  устод бо ҳунарманони ҳамсоякишвар дидорбинӣ кардааст.

"Се рӯз бароямон мисли афсона сипарӣ шуд",- қайд кард вай.

Ёдовар мешавем, чанде пеш Sputnik Тоҷикистон чанде пеш бо устод Ҷӯрабек Муродов дар доираи тарҳи расона- "Тоҷикону узбакон-бародарони ҷонианд"  сӯҳбат ороста буд.

Устод дар сӯҳбат аз дӯстии худ бо Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев нақл кард.

Ҷонибек Муродов- овозхони тоҷик ва писари ҳунарманд дар сӯҳбати кӯтоҳе бо сомона қайд карда буд, ҳоло аз ҷониби Вазорати фарҳанги Узбакистон барои ҳунарнамоии ҳунармандони тоҷик дар Узбакистон иҷоза нест.

Барчаспҳо:
бузургдошт, ҳунарманд, дӯстӣ, Ҷӯрабек Муродов, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ