Павел Лунгин дар Тоҷикистон филме дар бораи ҷанги Афғонистон хоҳад сохт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкРежиссёр Павел Лунгин, архивное фото
Режиссёр Павел Лунгин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин филм амалиёти вижаи берун овардани лашкари зиреҳсавори 108-уми шуравӣ аз дашти Чорикор ба гарданаи Солангро дар замони ҷанги Афғонистон бозгӯ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Коргардони русӣ Павел Лунгин саҳнаҳое аз филми наваш дар бораи ҷанги Афғонистонро дар Тоҷикистон филмбардорӣ хоҳад кард.

Ба иттилоъи шабакаи телевизюнии фарҳангии "Культура", филми ҳунарии "Братство" (Бародарӣ) аз ҷанги солҳои 1979 — 1989 дар Афғонистон ҳикоя мекунад. Филмбардории он аз тирамоҳи имсол оғоз шуда ва саҳнаҳое аз он дар Доғистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба навор гирифта хоҳанд шуд.

Коргардон Павел Лунгин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Павел Лунгин ҷанги Афғонистонро дар Тоҷикистон ба навор мегирад

Гуфта мешавад, ки Лугин мехоста саҳнаҳое филмро дар Афғонистон наворбардорӣ кунад, аммо ба далели бесуботии вазъи сиёсиву низомии он кишвар қарор шуда, ки он саҳнаҳоро дар Тоҷикистон филмбардорӣ кунанд.  

"Филмнома бар асоси рухдодҳои воқеъӣ дар поёни ҷанги Афғонистон навишта шудааст. Яке аз саҳнаҳои аслии филм амалиёти вижаи нерӯҳои шуравӣ барои берун овардани лашкари зиреҳсавори 108-ум аз дашти Чорикор ба гарданаи Соланг аст".

Павел Лунгин дар бораи филмаш гуфта, ки "он аз диди ахлоқӣ ба филми шуравии "Они сражались за Родину" (Онҳо барои Меҳан ҷангиданд) монанд аст".

"Мавзуъи аслии филм — қаҳрамонии маъмулӣ аст. Тамошобинон хоҳанд дид, ки чигуна дар сахтиҳои ҷанг қаҳрамонҳо падид меоянду масоъили бузурги ахлоқӣ матраҳ мешаванду мушкилот пеш меоянду ҳалл мешаванд", — гуфтааст коргардон.

Павел Лунгин коргардону филмноманавис ва дорандаи унвони "Ҳунарпешаи мардумии Русия" аст. Номдртарин филмҳояш "Остров" (Ҷазира) ва "Царь" (Шоҳ) ҳастанд. Вай ҳамчунин барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи синемои Канн дар соли 1990 аст.

Лентаи хабарҳо
0