Таҳмина Ниёзова намоҳанги навашро ба падарбузургаш бахшид

Обуна шудан
Таҳмина Ниёзова овозхони маъруфи кишвар суруди нави худро зери унвони "Секинак" пешниҳоди ҳаводоронаш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ин бора Таҳмина дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода афзудааст, ки ин сурудро ки моли бобояш Боймуҳаммад Ниёзов аст ба падарбузургаш мебахшад.

"Салом! Дар You Tube намоҳанги навам нашр шуд. Суруди бобоям Боймуҳаммад Ниёзов — "Секинак" ба шумо писанд хоҳад омад. Матни суруди "Секинак" аз шоири барҷаста Ҳофиз гирифта шудааст. Бо сухан гуфтан мушкил аст, ки то чӣ андоза ман ба бобояи барои ин суруди барҷаста ва барои саҳми беандозаи ӯ дар рушди ҳунари Ватанамон миннатдор ҳастам. Ва албатта ин сурудро ба падарбузургам мебахшам", — навиштааст Ниёзова.

Таҳмина дар давмои паёмаш барои сатби намоҳанги ин суруд ба волидонаш ва ҳамаи он касоне, ки дар омода кардани он саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Тахмина Ниёзова-ҳунарманди тоҷик, ки дар жанри поп суруд мехонад, 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи мусиқачиён ба дунё омадааст.

Соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад-рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Дар айни ҳол аспиранти донишгоҳи Волгогради Русия мебошад. Таҳмина баъди пирӯзӣ  дар озмуни байнулмилалии "Панҷ ситора. Интервидение" байни ҳаводорони созу суруд машҳур шуд.

Лентаи хабарҳо
0