18:27 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Шодихон Ҷамшед ва Абдураҳмон Қодирӣ дар меҳмонии Фарзона

Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона

© Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
67520

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, ки дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ ба вилояти Суғд рафтааст, имрӯз бо нахуствазири пешини Тоҷикистон Оқил Оқилов дидор кард ва сипас меҳмони Фарзона шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, Шодихон Ҷамшед ва дигар масъулини ВМКБ бо Оқил Оқилов дар хонааш дидор карданд.

Раиси ВМКБ, ки дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии Бадахшон дар Суғд ба Хуҷанд сафар кардааст, дар ин дидор аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдоварӣ кард ва аз ҷумла гуфт, ки вай солҳо дар мақоми нахуствазири Тоҷикистон донишу малакаи хешро барои пешрафти иқтисоди кишвар равона кардааст.

Шодихон Ҷамшед ба нишони эҳтироми мардуми Бадахшон ба Оқил Оқилов ҳадяҳои ёдмон тақдим кард.

Ҳайъати меҳмонон ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар баробари зикри хидматҳои бузурги номбурда дар ҷодаи рушди шеъру адабиёт, ҳамзамон гуфта шуд, ки Фарзона аз ҷумлаи шоирони муосири соҳибдевон аст, ки на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷа низ шуҳрати афзун дорад.

Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангӣ, Шодихон Ҷамшед, Фарзона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ