09:03 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ҷоизаи бузурги Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенин ва мақоми аввал дар бахши "Муҳимтарин хабарҳо. Серия"-ро аксбардори испониёӣ Алехандро Велес Мартинес барои силсилаи аксҳояш "Паноҳҷӯён дар Белград" дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷоизаҳои ин озмун дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои ғолибони он дар Маркази аккосии "Бародарон Лумиер" дар Маскав ба барандагон тақдим шуданд.

Ин озмунро хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" бо ҳамкорӣ ва сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО баргузор мекунад.

Алехандро Мартинес Велес, Испания. Беженцы в Белграде
© Sputnik Алехандро Мартинес Велес
Алехандро Мартинес Велес, Испания. Беженцы в Белграде

"Ҳар сол дар оғози тирамоҳ мо аз дӯстамон Андрей Стенин, хабарнигори аксии "Россия сегодня", ёд мекунем, ки ҳангоми иҷрои супориши хабаргузорӣ дар Укроин кушта шуда буд. Имрӯз хабарнигорони ҷавон аз саросари ҷаҳон, ки номи Андрей Стенин муттаҳидашон кардааст, аз падидаҳое мегӯянд, ки таваҷҷуҳашонро ҷалб мекунанд, — гуфт дар ин маросим мудири кулли хабаргузории "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв.

Велес Ҷоизаи бузургро барои силсилаи аксҳои "Паноҳҷӯён дар Белград" ба даст овард, ки саргузашти мардумеро бозгӯ мекунад, ки ояндаашонро аз даст додаанд. Аксҳои суратгири ҷавони испониёиро Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх низ бо ҷоизаи вижаи "Барои акси башардӯстона" тақдир кардааст.

Фотография участника фото конкурса имени Андрея Стенина
© Sputnik Елена Янкович
Фотография участника фото конкурса имени Андрея Стенина

Ҷоизаҳои ин озмунро ҳамчунин рӯзноманигор аз Африқои Ҷанубӣ Фандулвазӣ Ҷайкло барои гузориши аксии "Тазоҳурот дар шаҳри Грабу", суратгири сербӣ Еоена Янкович барои акси "Фарҳанги selfie", суратгири итолиёӣ Данило Гарсиа Ди Мео барои силсилаакси "Чӣ?", ҳамкори русамон Валентин Егоршин барои аксҳои портретии "Чеҳраҳое аз гузашта" ва бисёре дигар дарёфт карданд.

Дар Маркази аккосии "Бародарон Лумиер" беш аз 200 акси аксбардорони ҷавон ба намоиш гузошта шудаанд.

Варзиш яке аз мавзуъҳои калидии намоишгоҳи имсола буда, ки барои фотожурналистҳои Русия пирӯзиовар шуд — ҳама ҷоизаҳо дар бахши "Варзиш" аз они аксбардорони русӣ шуданд.

Ин намоишгоҳ то 17-уми сентябр идома хоҳад ёфт.

Мавзуъ

Поёни қабули дархостҳо ба озмуни ба номи Стенин
“Россия сегодня" қабули дархост ба озмуни Стенинро ба анҷом мерасонад
“Россия сегодня” аксҳои хотирмони Андрей Стенинро мунташир кард
Ҷоизадорони озмуни аксҳои ба номи Андрей Стенин эълом шуданд
Озмуни аккосони ба номи Стенин ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мешавад
Даъвати “Россия сегодня” барои ширкат дар озмуни ба номи Стенин
Барчаспҳо:
фотожурналистика, озмун, Россия сегодня, Андрей Стенин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ