12:10 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Аз филми Коса

Ду филми Муҳиддини Музаффар дар Стокголм намоиш дода мешавад

Кадр из трейлера фильма "Пиала"
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Ду филми коргардони тоҷик дар IX-умин Ҷашнвораи филмҳои афғонӣ дар Шветсия намоиш дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷашнвора дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад. Филмҳои "Коса" ва "Духтари Сайҳун"-и коргардон Муҳиддини Музаффар дар фестивали мазкур дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ — тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, пешкаши тамошобинон мешаванд.

Намоиш рӯзи 10- сентябр дар назар аст.

Мавзӯи филмҳои фестивал ин мушкилоти кӯдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Боиси зикр аст, ки филми "Коса" дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд нақл мекунад. Ин филм соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир намоиш дода шуда буд.

"Духтари сайҳун" оид ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба навор гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
ҷашнвора, филм, намоиш, Муҳиддини Музаффар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ