Лидушсароӣ: Далер Назаров дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад

© Фото : Аз саҳифаи Далер НазаровДалер Назаров
Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маэстро Далер Назаров дар ёдбуди барди машҳури Бадахшон шодравон Лидуш Ҳабиб ҳунарнамоӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба муносибати ёдбуди барди номдор шодравон — Лидуш Ҳабиб дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе консерти хайриявӣ баргузор мегардад.

Консерт рӯзи 23 сентябр соати 15:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев баргузор мешавад.

"Дар ин барномаи фарҳангӣ маэстро Далер Назаров, гурӯҳи "Авесто", гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон", Азиз ва Бахтиёр, гурӯҳи "Бартанг", гурӯҳи "Ҷирай", Некрӯз Мамадамонов ва Ниссои Лутфишо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард", — омадааст дар эълон.

© Фото : Аз гурӯҳи Pamir newsКонсерти хайриявӣ ба хотири ёдбуди Лидуш Ҳабиб
Консерти хайриявӣ ба хотири ёдбуди Лидуш Ҳабиб - Sputnik Тоҷикистон
Консерти хайриявӣ ба хотири ёдбуди Лидуш Ҳабиб

Консерти хайриявӣ ба муносибати ёдбуди барди номдори тоҷик шодравон — Лидуш Ҳабиб гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0