Беҳтарин драмманависони Тоҷикистон муайян шуданд

© Sputnik / Амир Исаев Министерство культуры РТ. Архивное фото
Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 29 сентябр дар Вазорати фарҳанг маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳурияии драмнависон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, ғолибони озмунро муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб табрик гуфт.

Ҷои дуввумро асари "Баҳори Фаронса"-и Тоҳири Маҳмадризо ва "Навҳаи камондор"-и Ҷумъа Қуддус гирифтанд.

Бинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди адибон соҳибони ҷоизаи “Падида”-ро мушшахас кард

Ҷои сеюми озмун насиби Ато Ҳамдам бо асари "Дар кӯчаҳои қисмат" ва асари "Ишқи интернетӣ"-и ҳаммуаллифон Н. Шарипов ва А. Икромов гардид.

Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки асарҳоии се драмнавис: "Шикор"-и Маҷид Салим, "Худоназаркарда"-и Абдуғаффор Абдуҷабборов ва "Маро маломат накунед"-и Абдувадуд Файзиев диққати доварони озмунро ба худ ҷалб намуда, сазовори тӯҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ шуданд.

Ибодуло Машраб зимни ҷоизасупорӣ гуфт, ки "драматургияи тоҷик бояд хислати тоҷикона дошта бошад, мисли назму насри тоҷик. Саҳнаҳои тезу тунд на он қадар хоси он аст. Театри тоҷик бояд зебо, шоирона ва нозук бошад".

Асарҳои ғолибони озмун дар шакли маҷмӯа бо номи "Дар кӯчаҳои қисмат" дастраси мухлисони театр ва ҳунарпешаҳо гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0