Меҳргон ва Сада ҳам ҷашнҳои расмӣ мешаванд

© SputnikПраздник урожая Мехргон отметили в Душанбе
Праздник урожая Мехргон отметили в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки Қонуни таътилоти расмиро ислоҳ карда се ҷашни дигар бар онҳо биафзояд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда, ки агар тасвиб шавад, ҳар сол 15 октябр ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон ва 30 январ ҷашни Сада баргузор хоҳанд шуд.

Праздник урожая Мехргон отметили в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Меҳргонро дар Донишкадаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ҷашн гирифтанд

Сада низ чун Наврӯзу Меҳргону Шаби ялдо яке аз ҷашнҳои бостонии ниёкони тоҷикон аст, ки панҷоҳ рӯз пештар аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав ҷашн гирифта мешуд. Дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки дар Эрону Афғонистон расман ба кор меравад, Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман фаро мерасад, ки баробар бо 30 — 31 январ дар гоҳшумории милодӣ аст.

Аммо Меҳргон дар гоҳшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки аз Наврӯз оғоз меёбад, ҳарсол дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр фаро мерасад, ки баробар бо 2 — 3 октябр аст. Вале Ҳукумати ҶТ пешниҳод кардааст, ки он 15-уми октябр ҷашн гирифта шавад, ки бо пешинаи ин ҷашн дар фарҳанги тоҷикон созгор нест.

Ҳукумат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки 26-уми октябр ҳар сол чун Рӯзи кормандони додгоҳ ҷашн гирифта шавад. Далел бар ин пешниҳод ин аст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 26 октябри соли 1929 таъсис ёфта буд.

Лентаи хабарҳо
0