17:47 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Ҷашнвора аз соли 2009-ум инҷониб дар Озарбойҷон баргузор мешавад. Дар озмун наврасони то 16-сола метавонанд ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Навраси тоҷик дар ҷашнвораи ҷаҳонии овозхонии мақом сазовори ҷои дувум шуд, гузориш медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  25 октябри соли равон дар шаҳри Боку маросими ниҳоии Нӯҳумин ҷашнвораи байналмилалии овзхонҳои мақом миёни кӯдакон баргузор шуд.

Ин ҷашнвора аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳадафи шиносоии маҳорати ҷавонон, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва ошноии ҷавонони кишварҳои хориҷӣ бо фарҳангу ҳунари ин кишвар баргузор мешавад.

Дар ин озмун наврасони то 16-сола аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Миср, Эрон, Қазоқистон, Туркия, Тунис, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд. Тоҷикистонро дар он Абдуқаҳор Ғаффуров муаррифӣ кард, ки "Таснифи чоргоҳ"-ро ба забони озарӣ иҷро намуд ва сазовори ҷои дувум гардид.

Барчаспҳо:
ҷашнвора, Ғаффуров Абдуқаҳор, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ