16:41 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Сдачи в эксплуатацию Парка культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции 06.11.2017

Боғи устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе бозкушоӣ шуд

© Flickr/ Пресс-служба Президента РТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
16910

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва устондори Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросиме бошукӯҳ Боғи устод Садриддин Айниро бозкушоӣ ва руҳашро бо дуъо шод карданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Боғи устод Айнӣ дар Рӯзи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозкушоӣ шуд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар маросими бозкушоии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ" раиси вилояти Суғд, шаҳрдори Душанбе, раисҳои ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли адабу илму фарҳанги кишвар ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз тандиси Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар даромадгоҳи боғ пардаро бардошт. Ин тандисро арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев сохтааст. Дар пои ин тандис бо ширкати шоири номии Тоҷикистон Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳамроҳонашон дар назди оромгоҳи устод Айнӣ дуъо хонданд.

Расиҷумҳур дар суханроние, ки дар ин маросим кард, аз ҷумла гуфт: "Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт".

Дар раванди бозсозии боғ мақбара ва тандиси устод Айнӣ, сохтмони Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳое бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар созаҳои ёрирасон бунёд шуда, лӯлаҳои обрасонӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ шудаанд.

Боғи устод Айнӣ ду даромадгоҳ — асосӣ ва ҷанубӣ дорад. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукуҳу мунаққаш бо ҳунари баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст.

Инҷо барои баргузории барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунариву эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шуда, ки 2 540 метри мураббаъ масоҳат ва  1600 сандалӣ ва дигар созаҳои ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон, қаҳвахона ва бозигоҳ барои кӯдакон дорад.

Боғи устод Айнӣ бо сармоягузории ҳукумати вилояти Суғд ва ҳамкории коршиносони сохтусози он вилоят ва шаҳри Душанбе бозсозӣ шудааст.

Мавзуъ

Интиқоли пинҳонии ҷасадҳои бузургони сиёсиву фарҳангии тоҷик аз Боғи Айнӣ ба Лучоб
Барчаспҳо:
Бозкушоии Боғи устод Айнӣ, Рустам Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ