14:01 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
37950

Бозор Собир шоири саршиноси тоҷик 79-сола шуд. Ӯ пас аз 19 соли муҳоҷират даврони пириашро дар Ватан меронад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Бозор Собир-шоири саршиноси тоҷик ба синни мубораки 79 қадам ниҳод. Расонаҳо гузориш доданд, ки имсол ӯ мавлудашро дар Амрико таҷлил кард. Зиёиёони тоҷик ва фаъолони иҷтимоӣ дар интернет постерҳо навишта бори дигар аз шоиру мавқеи шеъри ӯ дар забони тоҷикӣ ва нигоҳи иҷтимоиву сиёсиаш ёдовар шуданд.

Соли гузашта, шоир дар рӯзи зодрӯзаш ба Sputnik Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дода буд.

20-уми ноябри соли 2016. Шумораи телефони хонагии Бозор Собирро мечинам. Аз он сӯ ҳамсари устод посух мегӯянд. Гуфтам мехосатм устодро бо зодрӯзашон шодбош гӯям. Гуширо устоди шеър мегирад:

— Салом алейкум, устод. Зодрӯз муборак…!
— Ташаккур, ташаккур. Шумо аз куҷо телефон мекунед?
— Аз Маскав, устод.
— Сипос, барои зангатон.

Вақте хостам бипурсам, ки зодрӯзи шоир чӣ гуна мегузарад, хандиду гуфт, "ту ҳоло аз ман интервю ҳам гирифтам мехоҳӣ? Пагоҳ, пагоҳ занг зан".

Пагоҳ Бозор Собир ба қавлаш вафо кард. Устоди шеър дар он мусоҳиба аз рисолати шоирӣ, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ, аз фарҳангу маданияти тоҷикон ва таъсири фарҳанги хориҷа ба он, аз даврони Шуравӣ  ва Тоҷикистон сӯҳбат орост.

Бозор Собир аз ҷумла қайд кард, "шоир беҳтарин интелегенти миллат аст ва ӯ бояд дар ҳамаи корҳое, ки ба фарҳанг дахл дорад, даст дошта бошад".

Шоир мегуфт, аз қадрдонии ҳамватанон ва ҳаводоронаш дар Ватан сад дар сад розӣ аст. Вай афзуд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, бо мардуми тоҷик наздиктар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз зиёиёону аҳли адаби кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зодрӯзи шоир мавқеи ӯро дар шеъри муосири тоҷик махсус қайд карданд. Аз назарҳои диниву сиёси ӯ низ ёдовар шуданд, ки бештар дар ҷомеаи суннати Тоҷикистон зери интиқод қарор мегирад. Чуноне Бахтиёр Аминӣ дар гурӯҳи фейсбукии Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб навиштааст, "дар рӯзи зодрӯзи шоир ҳам интиқод кардани ӯ аз нигоҳи ақидаи диниву сиёсиаш аз рӯи маданият нест. Ва ин рӯзро ҷашн нагирифтан аз тарафи мо ҳаводорони шеър ба хотири диди сиёсӣ ва динии Бозор Собир носипосӣ мебуд".

Ба ҳамин монанд, рӯзноманигори маъруф Раҷаб Мирзо низ соле пеш дар гурӯҳи Ахбор барои афкор гуфта буд, "шахсиятҳое мисли Бозор Собирро ҳамеша бояд иззат кард, агарчӣ мавқеъгириҳояш бароямон писанд нест. Ӯ ва ӯ баринҳоро бояд ҳамин гуна қабул кард, ки ҳастанд".

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам!

© Sputnik
Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам
Барчаспҳо:
зодрӯз, Бозор Собир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ