Аз Афзалшоҳ Шодиев то Ширинмоҳ Ниҳолова: консерти Рӯзи парчам дар Душанбе

© Sputnik / Максим БарановАвзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон
Авзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи консертӣ бо композитсияи бадеии ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳти унвони "Парчам" оғоз меёбад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Имрӯз бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ дар боғи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Душанбе консерти идона баргузор мешавад.
Бино бар иттилои вазорати фарҳанги ҶТ, барномаи консертӣ бо композитсияи бадеии ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳти унвони "Парчам" оғоз меёбад.

 Сипас ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ, оркестри эстрадии Гулшан, ансамбли давлатии "Шашмақом" ба номи  Шаҳобов таронаҳои худро манзури тамошобинони консерт мегардонанд.

"Барномаи идонаро бозёфтҳои эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, Ширинмоҳ Ниҳолова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов ва дигарон боз рангину ҷолибтар хоҳад кард",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи парчами миллӣ муборакбод гуфта, ёдовар шуд, ки ин ҷашн бори аввал соли 2009 ба хотири гиромидошти рамзи давлатӣ қайд карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0