09:16 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
80330

Чанде пеш дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии тарҷумаи русии китоби донишманди бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Маросими рӯнамоии тарҷумаи русии китоби ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ "Хон ул-ихвон" рӯзи шанбе, 25 ноябр бо ҳамкории Пажӯҳишгоҳи исмоилии Ландан ва Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Намояндаи Пажӯҳишгоҳи исмоилии Ландан дар Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, профессор Рамазон Назариев дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Ҳаким Носири Хусрав барои ёфтани ҳақиқати ҳам воқеӣ ва ҳам руҳонӣ талоши беист дошта ва тафаккураш ҳамвора машғул ба ҷустуҷӯи адолат, ситеза бо зулму истибдод, ситоиши шуҷоату мардонагӣ дар роҳи мубориза бо аҷнабиёну ситамкорон, муҳаббат ба Ватан, мардуми тоҷик ва забони форсӣ буд".

"Омӯзиши осори Носири Хусрав барои муайян намудани ар­зишҳои фарҳанги милливу динӣ, тақвият ва тав­сеъаи худшиносии мардуми тоҷик бисёр аҳамият дорад ва такони хубе дар ин замина дода метавонад. Мусаллам аст, ки инсони имрӯза хештанро дар ҷараёни робитаҳои гуногуни маъ­рифатӣ-иттилоъотӣ дарёфта, ҳатман бо масъалаи хеш­таншиносӣ бар мехӯрад, ки барои ҳаллу фасли он бояд дар ин ё он пояи устувори маънавӣ такягоҳе дошта бошад", — тавзеҳ дод вай.

Профессор Назаров ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки мероси илмиву адабии ҳаким Носири Хусрав солҳои бисёре таваҷҷуҳи пажӯҳишгарони тоҷик ва хориҷиро ҷалб намуда, вале шарқшиносони Ғарб ва рус ба ҷуз аз "Сафарнома" дигар асареро тарҷума накардаанд.

"Хон-ул-ихвон" севумин китобе аст, ки дар чорчӯби тарҳи Пажӯҳишгоҳи исмоилии Ландан ба забони русӣ тарҷума шудааст. Ин китобро ҳам устод Муҳаммадсалом Махшулов тарҷума карда, ки пештар китоби "Кушоиш ва раҳоиш"-ро ҳам баргардон карда буд.

Церемония презентации русского перевода книги Насира Хусрава Хан ал-ихван
© Фото : из личного архива Рамазона Назариева
Церемония презентации русского перевода книги Насира Хусрава "Хан ал-ихван"

"Зарурати тарҷумаи ин китобҳо ба забони русӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки хонандаи русзабон дар бораи Носири Хусрав шиносоии сатҳӣ дошта, маъмулан бар пажӯҳишҳои шарқшиносони асрҳои XIX — XХ, ки аксаран хусусияти ғаразноки идеологӣ-сиёсӣ доранд, иттико мекунад. Муҳаққиқони муосири рус низ то ба ҳол кӯшиши тарҷумаи осори Носирро ба уҳда нагирифтаанд, ҳарчанд таҳқиқоти осори ӯ дар шаклҳои гуногун, аз мақолаҳои алоҳида то ба рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону файласуфони рус ривоҷ меёбанд", — тавзеҳ дод профессор Назарзода.

Вай афзуд, агар "Хон-ул-ихвон" бо дигар осори Носири Хусрав аз лиҳози мазмуну мундариҷаашон муқоиса шавад, метавон муайян кард, ки он бештар ба "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн" ва "Зод-ул-мусофирин" шабоҳат дорад.

"Дар ин се асар мутафаккир кӯшидааст, ки масоили гуногуни ҳам динӣ ва ҳам дунявиро дар доираи талабот ва қавонини фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор диҳад. Барои ҳамин ҳам дар ҳолатҳои муайян омезиши назария­ҳову ғояҳои диниву фалсафӣ, ва ё ба истилоҳ, "бунёди пул бар рӯи дарёи дину дунё", дар ин осор мушоҳида мегардад. Аммо, аз онҷое ки "Хон-ул-ихвон" нисбат ба он ду асар дар замони дертаре навишта шудааст, масоилеро дар бар мегирад, ки таҳлили онҳо аз ҷониби Носири Хусрав нисбат ба ду асари дигари зикршуда пурратар ва жарфтар аст", — гуфт доктор Рамазон Назарзода.

Ҳаким Носири Хусрав (1003 — 1088) аз зумраи бузургтарин мутафаккирони тоҷик аст, ки асарҳои бисёри фалсафӣ, динӣ, адабӣ ва саёҳатнома таълиф кардаанд. Аз ӯ осоре чун "Зод-ул-мусофирин", "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн", "Кушоиш ва раҳоиш",  "Хон-ул-ихвон", Девони ашъор, "Сафарнома" боз монда, вале беш аз 40 асараш, ки худ аз онҳо ёд кардааст, то ин замон нарасидаанд.

Мавзуъ

Профессор Назариев: Носири Хусрав барои посдошти ҳувияти миллӣ шадидан мубориза бурд
Барчаспҳо:
ҳикмат, фалсафа, Хон ул-ихвон, Носири Хусрав, Муҳаммадсалом Махшулов, Рамазон Назариев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ