01:00 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Феҳристи машҳуртарин сурудҳои соли 2017-ум дар Руия дар торномаи Apple мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бар асоси хулосаи iTunes  машҳуртарин суруди соли 2017 дар Русия суруди "Тает лед"-и гурӯҳи "Грибы" шинохта шудааст.Рӯйхати машҳуртарин сурудҳои соли 2017 дар Русия дар торномаи Apple мунташир шудааст. 

Ҳамин тавр машҳуртарин суруди соли 2017 дар Русия суруди "Тает лед"-и гурӯҳи "Грибы" шинохта шудааст.

Мақои дуюмро овозхони бритонӣ Эд Ширан бо суруди "Shape of you" ва ҷои сеюмро — "Despacito"-и  Луис Фонси гирифт.

Тобистони имсол намозанги суруди "Despacito" дар таърихи шабакаи Youtube пурбинандатарин намоҳанг шуд. 

Ба даҳгонаи машҳуртарин сурудҳо дар Русия ҳамчунин, Rag'n'Bone Man бо суруди "Human", Ofenbach бо суруди "Be Mine", Loboda ("Чашмони ту"), Jah Khalib ("Лейла"), Макс Барских ("Туманы"), Clean Bandit ("Rockabye") ва Imagine Dragons ("Believer") ворид шудаанд.

Чанде паш рӯзномаи  Rolling Stone феҳристи беҳтарин сурудҳои имсоларо мунташир кард. Дар рӯйхати 50-суруд, овозхони бритонии гурӯҳи One Direction Гарри Стайлcа "Sign of the Times" қарор гирифт. Мақоми дуюм насиби суруди "Homemade Dynamite"-и овозхони Зеландияи Нав Лорд шуду, ҷои сеюмро суруди  "Humble"-и Кендрика Ламара аз худ кард. 

Барчаспҳо:
озмуни нав, намоҳанги нав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ