07:36 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Театри ба номи Владимир Маяковский. Акс аз бойгонӣ

Ҷашни 80-солагӣ: Лякин-Фролов театри Маяковскийро муборакбод гуфт

© Sputnik Stringer
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мудири театри ба номи Владимир Маяковский Мунира Додоеваро бо ҷашни 80-солагии тетар муборакбод гуфту ба ӯ ифтихорномаи сафоратро тақдим кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов ва фармондеҳии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон театри драммавии ба номи Владимир Маяковскийро бо ҷашнашон табрик карданд.

Дар ин бора равобити умумии пойгоҳи 201-ум хабар медиҳад.

"Рӯзи 9 декабр дар саҳнаи бузурги ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 80-солагии театр ҷашн гирифта мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мудири театри ба номи Маяковский Мунира Додоеваро бо ҷашни 80-солагӣ муборакбод гуфту ба ӯ ифтихорномаи сафоратро тақдим кард.

Ҳамчунин ёвари фармондеҳ оид ба муносибатҳои байнулмиллалии пойгоҳи 201-ум Александров аз номи фармондеҳӣ мудири Додоеваро бо ҷашнашон муборакбод намуду ба ӯ санги ороишӣ бо рамзи пойгоҳи 201-м тақдим карда ба ӯ бурдборӣ орзу кард.

Ба муносибати ҷашн гурӯҳи ҳунармандон поппурии намоишномаи машҳури театрро намоиш доданд.

Барчаспҳо:
ҷашни 80-солагӣ, театри ба номи Маяковский, Мунира Додоева, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ