21:19 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Актеры театра посетили актрису Мушаррафу Касымову

Ҳуҷаста бод!: Модари тоҷик 99-сола шуд

© Facebook / Сухроб Джанджолов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
41610

Мушаррафа Қосимоваро дар Тоҷикистон дар нақши модар ба хубӣ мешиносанд. Ҳунарманд ин нақшро ҳанӯз дар соли 1970 дар филми "Бе Ватан"-и коргардони тоҷик Сафаров офарида буд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Имрӯз модари тоҷик — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Мушаррафа Қосимова 99-сола шуд. Мушаррафа Қосимоваро дар Тоҷикистон дар нақши модар ба хубӣ мешиносанд. Ҳунарманд ин нақшро  ҳанӯз дар соли 1970 дар филми "Бе Ватан"-и коргардони тоҷик Сафаров офарида буд.

Ҳунапешаро ҳамкасбон ва ҳаводоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ муборакбод гуфта, таманниётҳои нек кардаанд.

Мушаррафа Қосимова 19-уми декабри соли 1918 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст ва ҳанӯз дар кӯдакӣ бо волидонаш ба Тоҷикистон омадааст.

Бино бар маълумоти маъхазҳои кушода, Мушаррафа Қосимова соли 1937 ба театри Лоҳутии Душанбе ба кор медарояд ва дар соли дар соли 1946 бо ҳунарманд Муҳаммадҷон Қосимов оила барпо мекунад.

Ҳунарманд дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият кардааст.

Модари тоҷик ғайр аз нақши модар дигар нақшҳои меҳавариро ҳам офардидааст: Латофат ("Тӯй"-и С.Ғанӣ, 1958), Баҳор ("Ҳаёт ва ишқ"-и Ф.Ансорӣ, 1958), Занаки гӯл ("Гавҳари шабчароғ"-и С.Улуғзода, 1962), Марианна ("Қиссаи модар" дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ба саҳнагузоранда М.Қосимов, 1968), модар ("Бе ватан"-и С.Сафаров, 1970), Чӯтуройим ("Фармони кадушоҳ"-и А.Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ ("Ҷон модаракон"-и А.Қаҳҳор, 1972), Модаркалон ("Хатро ман навишта будам"-и Ф.Ансорӣ, 1973), Ойша-апа ("Қуллаи Фудзияма"-и Ч.Айтматов ва Қ.Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза ("Дохунда"-и Ҷ.Икромӣ, 1954, 1957, 1977) ва ғайраҳо.

Мушаррафа Қосимова бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали "Ба муносибати 100-солагии В.И. Ленин" ва "Барои меҳнати фидокорона", Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Барчаспҳо:
модар, нақш, театр, филм, Мушаррафа Қосимова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ