06:03 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи "Шаҳри афсонаҳо" беш аз 2500 туҳфаи раиси шаҳри Душанбе тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон намоишномаи кӯдаконаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Шаҳри афсонаҳо" доир гардид.

Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, тарълимгирандагони мактаб-интернатҳо, ғолибони олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд. Дар ин бора дафтари матуботии шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин барнома ба таваҷҷуҳи ширкаткунандаҳо намоишномаи "Шаҳри афсонаҳо" пешкаш гардид.

"Воқеаву рӯйдодҳои намоишнома дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ — муҷассамаи бошукӯҳи Аноҳито — рамзи фариштаи об, дувоздаҳ бурҷи кайҳонӣ ва шаҳраки афсонавӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии кӯдаконаи "Ғунчаҳои пойтахт", "Ситораи Умед", "Лаъл", "Лола", "Гулрез", "Зебо", шогирдони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Муҳаммадҷон Атоев, дастпарварони Маркази эстетикии кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, муҳассилини мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, гурӯҳи балети бачагонаи Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова, ҳунармандони театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи Марям Қосимов ва дигар марказҳои фарҳангии пойтахт ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ афзудааст, дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи "Шаҳри афсонаҳо" беш аз 2500 адад туҳфаҳои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.

Барчаспҳо:
кӯдакон, соли нав, барнома, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ