Нашри китоби нави Темур Зулфиқоров: "Чойхонаи лаби ҷар"

© © Sputnik / Амир ИсаевПрезентация книги Есенина на таджикском языке
Презентация книги Есенина на таджикском языке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе китоби нави шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, китоби мазкур дар нашриёти Адиб" бо теъдоди 1000 нусха интишор шудааст.

Дар ин китоб повестҳои "Ишқи аввали Хоҷа Насриддин", "Достони бачагии Мушфиқӣ", "Як рӯзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)" ва новеллаҳои нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров гирд оварда шудаанд. Ин асарҳо ҷанбаи фалсафӣ дошта, хонандаро ба андеша водор месозанд, то нисбат ба ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бетараф набошад.

"Чойхонаи лаби ҷар" китоби сеюми нависанда ба забони тоҷикист. Қаблан китобҳои ӯ "Ишқи аввали Хоҷа Насриддин" ва "Афъимори марҷонӣ" ба забони тоҷикӣ нашр шуда буданд.

Тимур Зульфикаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Темур Зулфиқоров шоире, ки аз Нобел умедашро канда, вале аз Тоҷикистон на

Пештар хабар дода шуд, ки Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави "Қиссаҳои тиллоии ишқ" дар Русия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

"Қиссаҳои тиллоии ишқ"-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб буда, соли 2017 ба нашр расидааст.

Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон, адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.

Ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллии тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун супорида мешавад.

Темур Зулфиқоров моҳи августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла "Рояли сафед", "Ошпаз ва овозхон", "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", "Мурғи сиёҳ", "Саробҳои ишқ", "Ишқи аввали Насриддин", "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ва "Пешхидмат бо лаълии тилло" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0