Орумбекзода ва Зулфиқоров рӯнамоии китоби навро баррасӣ карданд

Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо нависанда, шоир ва драманависи номдори тоҷик Темур Зулфиқоров мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар ин дидор масъалаи дар сатҳи баланд ташкил намудани рӯнамоии китоби нави нависанда бо номи "Чойхонаи лаби ҷар", ки ба қарибӣ аз ҷониби нашриёти Адиб" бо теъдоди 1000 нусха нашр шуд, баррасӣ шудааст.

"Чойхонаи лаби ҷар" китоби севуми нависанда ба забони тоҷикӣ буда, дар он повестҳои "Ишқи аввали Хоҷа Насриддин", "Достони бачагии Мушфиқӣ", "Як рӯзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)" ва новеллаҳои нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров гирд оварда шудаанд.

Презентация книги Есенина на таджикском языке - Sputnik Тоҷикистон
Нашри китоби нави Темур Зулфиқоров: "Чойхонаи лаби ҷар"

Ин асарҳо ҷанбаи фалсафӣ дошта, хонандаро ба андеша водор месозанд, то нисбат ба ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бетараф набошад.

Зимни суҳбат вазири фарҳанг ба Темур Зулфиқоров барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кардааст.

Темур Зулфиқоров яке аз адибони шинохтаи кишвар мебошад, ки дар тайи умраш ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузошта аст. Вай муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Асарҳои адиби шинохта дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шудаанд. Илова бар ин, мавсуф муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки дар фестивалҳои байналмилалии синамо сазовори ҷоиза гардидаанд.

Асарҳои "Хоҷа Насриддин", "Хоҷа Зулфиқори Девона", "Достони марги Амир Темур", "Афъимори марҷонӣ", "Саргузаштҳои заминию осмонии шоир", "Чойхонаи лаби ҷар" ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанду дӯстдорони хеле зиёд доранд.

Лентаи хабарҳо
0