16:03 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Мадина Ақназарова

Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ба Мадина Ақназарова ва Зафар Абдуалимов

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
55610

Сарояндаи ҷавон Мадина Ақназарова, ҳунарпеша Зафар Абдуалимов овозхони гурӯҳи "Авесто" ва раҳбари студияи овозии "Ҳафтранг" Таҳмина Рамазонова бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистоон қадрдонӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги ҶТ дар Ҷашнвораи гурӯҳи эҷодии "Ҳафтранг" ба сарояндагон фарҳангиёни ҷавон Ифтихорномаҳо тақдим кард.

Вазир аз ҷумла ба Ҷаннат Ҳусейнзода — донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, Идибек Тошев — хонандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев, Мадина Ақназарова — донишҷӯи соли 4-уми бахши сурудхонии академии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, Зафар Абдуалимов — ҳунарпеша, Некрӯз Зребунов — донишҷӯи соли 1-уми факултаи санъати сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов Ифтихорномаҳо тақдим кардааст.

Ҳамчунин Дилноза Абдуалимова — донишҷӯи соли 1-уми кафедраи фортепианои тахассусии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Амал Ҳафизова — хонандаи синфи 11-и Мактаби рақами №8 шаҳри Душанбе, Томирис Илназарова — хонандаи синфи 7-и Мактаби рақами №6 шаҳри Душанбе, Табрез Халилов — хонандаи синфи 7-и мактаби мусиқӣ ба номи Шоҳназар Соҳибов ва Таҳмина Рамазонова — солисти гурӯҳи "Авесто", роҳбари студияи овозии "Ҳафтранг" бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистоон қадрдонӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки соли 2017 Амал Ҳафизова дар озмуни телевизионии "Бо тамоми овоз", ки дар Русия баргузор шуд, сарояндаи беҳтарин байни духтарон интихоб гардида буд.

Дилноза Абдуалимова, Томирис Илназарова ва Некруз Зребунов низ дар озмуни мазкур ҳунарнамоӣ карда, дар мусобиқаи гурӯҳӣ байни намояндагони давлатҳои ИДМ сазовори ҷои дуввум гардида буданд.

Консерти камеравии Ҷаннат Ҳусейнзодаи 10-сола моҳи декабри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин бо даъвати Котиботи СҲШ дар доираи силсилаи "Нӯҳ нотаи сеҳрофар" баргузор гардида, истеъдоду ҳунари навозандагии тоҷикдухтари хурдсол ҳамаро мафтун карда буд.

Идибек Тошев соли 2017 дар XII Бозиҳои Делфии Россия ва кишварҳои ИДМ, ки дар вилояти Свердсовски Федератсияи Россия баргузор гардида буд, иштирок намуда, дар навозиши рубоби прима маҳорати беҳамто нишон дод ва байни 2318 нафар иштирокчиён сазовори медали тилло гардид.

Ифтихорномаро ба ин ҳунармандон вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷашнвораи гурӯҳи эҷодии "Ҳафтранг", ки 19 январ дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор шуд, тақдим кардааст.

Мавзуъ

Гузориши аксӣ аз консерти гурӯҳи эҷодии "Ҳафтранг"
Барчаспҳо:
Ифтихорнома, гурӯҳи эҷодии "Ҳафтранг", Вазорати фарҳанг, Таҳмина Рамазонова, Зафар Абдуалимов, Мадина Ақназарова, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ