19:17 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Благотворительный концерт студентов в доме пристаредых

Консерти хайриявии донишҷӯёни коллеҷи санъат барои пиронсолони Ёвон

© Министерство культуры Республики Таджикистана
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
11610

Донишҷӯёни коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов барои пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон барномаи фарҳангие пешкаш кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити уумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 28 январ ба муносибати ҷашни Сада дар Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон" чорабинии фарҳангии хайриявӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ба номи Аҳмад Бобоқулов" дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҳамсафар" ташкил гардидааст.

1 / 2
Консерти хайриявии донишҷӯёни коллеҷи санъат барои пиронсолони Ёвон

"Мақсади асосии чорабинӣ руҳбаланд ва дастгирӣ намудани пиронсолон ва маъюбон буд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки донишҷӯён бо сурудҳои пурмазмун ва оҳангҳои дилнавоз хотири пиронсолон ва маъюбонро болида гардониданд.

Пештар хабар дода шуд, ки овозхонони Бадахшон барои кӯмак ба ҷавони бемор дар Маскав консерти хайриявӣ баргузор карданд.

Барчаспҳо:
консрти хайриявӣ, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Ёвон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ