23:56 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Вохӯрӣ бо Мушовири Амири Қатар

Қатар дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мекунад

© Фото: Аз ВУХ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Дар Тоҷикистон баргузории рӯзҳои фарҳангии Қатар дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо мушовири амири Қатар ва вазири давлатӣ (дар мақоми муовини сарвазир) доктор Ҳамад бин Абдулазиз ал-Каворӣ мулоқот кардааст.

Дар рафти суҳбат иқдомҳои амалӣ ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар арсаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ шудаанд.

"Дар ин замина баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳо байни донишгоҳҳо, осорхонаҳои миллӣ ва марказҳои илмию маърифатӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи гардишгарӣ, табодули башарӣ ва ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳо дар арсаи рушд ва инчунин танзими намоишгоҳҳои тахассусӣ ҳамчун омилҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо алоқамандии мутақобилро ба тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф иброз намудаанд.

Барчаспҳо:
Рӯзҳои фарҳанг, баррасӣ, мулоқот, Хисрав Соҳибзода, Қатар

Мавзӯъҳои асосӣ