03:39 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Намоиши маҳсулоти дастӣ дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ

Мардуми Ванҷ маҳсулоти дастиашонро ба намоиш гузоштанд

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Мардуми ноҳияи Ванҷи ВМКБ маҳсулоти дастиашонро ба намоиш гузоштанд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ифтихори ҷашни Сада ва "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар маркази ноҳияи Ванҷ (ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев) намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ асосан маҳсулоти дастӣ, ба монанди бофандагӣ, омода кардани савғотӣ, гулдӯзӣ, кандакории чӯб, қолинбофӣ, сабадбофӣ, мӯҳрабофӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Таҷлили ҷашни сада дар ВМКБ
Пресс-служба правительство ГБАО

Ин амоиш бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо идораву муассисаҳои маҳаллии ноҳия ташкил гардидааст.

Сада чун Наврӯзу Меҳргону Шаби ялдо яке аз ҷашнҳои бостонии ниёкони тоҷикон аст, ки панҷоҳ рӯз пештар аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав ҷашн гирифта мешуд. Дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки дар Эрону Афғонистон расман ба кор меравад, Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман фаро мерасад, ки баробар бо 30 — 31 январ дар гоҳшумории милодӣ аст. 

 

 

Барчаспҳо:
намоиши маҳсулоти дастӣ, Ванҷ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ