Ҳунармандони амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд

© Пресс служба президента РТЖенщина в национальной одежде, архивное фото
Женщина в национальной одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни сафари худ гурӯҳи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар барномаҳои консертӣ ва машғулиятҳои мусиқӣ баргузор менамоянд

ДУШАНБЕ, 15 фев- Sputnik. Ҳунармандони амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи навозандагони "Humming House" аз Амрико ба Тоҷикистон меояд.

Ин гурӯҳи мусиқии хориҷӣ аз 1 то 8 март дар Тоҷикистон хоҳад монад.

"Зимни сафари худ гурӯҳи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар барномаҳои консертӣ ва машғулиятҳои мусиқӣ баргузор менамоянд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар шаҳри Душанбе барномаи консертии гурӯҳи "Humming House" рӯзи 3 марти соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев манзури мухлисони санъат мегардад.

Лентаи хабарҳо
0