11:03 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Группа Humming House, Акс аз бойгонӣ

Ҳунармандони гурӯҳи "Humming House" ба Тоҷикистон меоянд

© Министерство культуры РТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Гурӯҳи ҳунарии "Humming House" дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ин гурӯҳ аз 1 то 8 март дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки зимни сафари худ гурӯҳи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар барномаҳои консертӣ ва машғулиятҳои мусиқӣ баргузор менамояд.

Дар шаҳри Душанбе барномаи консертии гурӯҳи "Humming House" рӯзи 3 марти соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев манзури мухлисони санъат мегардад.

"Humming House" гурӯҳи номдори амрикоӣ буда, соли 2011 ташкил шудааст.

Соли 2012 нахустин албоми мусиқии аъзои гурӯҳ ба нашр расида буд.

Охирин албоми пурраи мусиқиашон таҳти унвони "Ҳамшарик" соли 2017 дастраси мухлисон гардидааст.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ