03:52 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Аз Меҳрона Ғайбуллоева – намояндаи Тоҷикистон дар озмуни телевизюнии овозхонии “Ту беҳтаринӣ!” пуштибонӣ кунед

Меҳрона дар шаҳри Душанбе зодаву бузург шудааст. Вай 17-сола аст ва хушбинонаву ҳадафмандона кӯшиш дорад ба орзӯяш бирасад.

Ӯ 6-сола буда, ки дар барномаҳои ҳунарии дабиристонаш овозхонӣ кардаву саранҷом дар соли 2017 ҳунарҷӯи бахши овозхонии Ҳунаркада шудааст. Орзӯ дорад овозхони пешакор шавад ва дар Ҳунаристони Чайковский дар Маскав ҳунарнамоӣ кунад.

Меҳрона нахустин касе аз Тоҷикистон аст, ки дар озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ширкат мекунад.

Аз Меҳрона дар озмун пуштибонӣ кунед ва дар вебгоҳи шабакаи телевизюнии НТВ барояш овоз бидиҳед.

Озмуни байналмилалии овозхонии “Ту беҳтаринӣ!”-ро шабакаи телевизюнии НТВ ва бунгоҳи байналмилалии хабарӣ ва родюи Sputnik баргузор мекунанд. Ин озмун ба кӯдакони ҳунарманде, ки бе падару модар ва ё сарпараст мондаанд, имкон медиҳад, ҳунарашонро намоиш бидиҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд.

Имсол дар ин озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Мавзуъ

Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад
Меҳрона Ғайбуллоева-духтаре, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалӣ намояндагӣ мекунад
Барчаспҳо:
Ту беҳтаринӣ, Меҳрона Ғайбуллоева, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ