11:58 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
400 0 0

Имсол барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

“Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар ин барномаҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби ин барномаҳо чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Чунин барномаҳое 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур дода, ки Наврӯз дар ҳама ноҳияҳои пойтахт 21 март ҷашн гирифта шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн шаҳрдории Душанбе мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ баргузор мекунад.

Мавзуъ

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад
Оғози омодагиҳо барои таҷлили Наврӯз-2018 дар Душанбе
Наврӯз - ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон
Наврӯзи байналмилалӣ дар Панҷиканд таҷлил мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳ бодом шинонданд
Барчаспҳо:
Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Панҷиканд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ