10:10 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Намоишгоҳ, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳ дар Дубай ширкат кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

“Gulf Food” бузургтарин намоишгоҳ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 5000 намоишгар аз 120 давлати дунё маводҳои ғизоиро ба намоиш мегузоранд. Иштироки ширктаҳои тоҷикистонӣ дар чорабинии мазкур имконият хоҳад дод, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ зиёд гардад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳ дар Дубай ширкат кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, аз 18 то 22 феврали соли ҷорӣ бори аввал ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бузургтарин намоишгоҳи хӯрокаи "Gulf Food", ки дар Дубай баргузор гашт, иштирок намуданд.

"Дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои "Исфара Фуд", "Оро Исфара", "Apricot & Company" ва "Тоҷик Продукт", ки дар самти коркард ва бусту банди меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо фаъолият доранд, иштирок намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қобили қайд аст, ки "Gulf Food" бузургтарин намоишгоҳ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 5000 намоишгар аз 120 давлати дунё маводҳои ғизоиро ба намоиш мегузоранд. Иштироки ширктаҳои тоҷикистонӣ дар чорабинии мазкур имконият хоҳад дод, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ зиёд гардад.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони "Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ" баргузор гардид.

Дар ҳошияи таҷлили ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз ҷумла, кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид.

Асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуда, иштирокчиёни намоишгоҳ аз он дидан карданд.

Барчаспҳо:
ширкат, намоишгоҳ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ